Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ГАҲВОРАИ СИНО


МУШКИЛОТИ ПАНҶ


Ишорат мекунад ирфон.
Чу аз идбору аз имкон;
Нишопур гашт пур аз бонги омад-омади Сино,
Вале худ ончунон омад, ки буд пайдою нопайдо.
Ҳама ҷӯёи Сино, гунгҳо гӯёи Сино буд,
Тамоми дардмандон аз паи пайдои Сино буд.
Ва Сино то зи роҳ омад,
Ба сӯи хонақоҳ омад.
Ҳарифе ҷуст дар ин шаҳр к-ояд ҳамрадифи ӯ,
Варо дар пӯстин дарёфт бо ҷисми наҳифи ӯ.
Ба дил гуфто: Киро ҷустам, чӣ мебинам, чӣ меёбам
Аз ин хиргоҳи пуродам, аз ин даргоҳи беодам?
Гурӯҳе дид дар савму сало бо Пири Меҳонӣ,font color=red>*
На бо дастури исломӣ, на бо дастури имронӣ.
Ҳама дар худ фурӯ буданд,
Шароби дар сабӯ буданд.
Худоро дар худӣ дар ҷустуҷӯ буданд.
Шудам ворид,
Наҷунбид
Ҳеҷ кас ҳамчун пари коҳе,
Чӣ дастури назарбинӣ, аҷаб роҳи дилогоҳӣ!
Нишастам гӯшае, сарпӯшае бардоштам аз дил,
Дигар сарпӯшае бархост аз худҷӯшии маҳфил.
Зи роҳи ақл рафтам дар тариқи нақлии эшон,
Дили худ ҷамъ медоранд худбинону худкешон.
Дар ин дунёи бесомон, дар ин саҳрои бедомон
Ба ин тобу тариқат менагардад мушкиле осон,
Чи ранҷу дардҳоро дидаам дар умри кӯтоҳам,
Чӣ банди нокушо бикшудаам дар нимаи роҳам.
Агар хосони ҳақ боре раванд аз хештан берун
Аз ин зовияи дарбастаи худ – аз кафан берун,
Ба чашми сар бубинанд он чӣ ман дидам,
Ҳазорон ҷони ларзонро ба зиндони бадан дидам
Зи дарди мардумон гарде шаванд огоҳ,
Ба ранҷи мардумон боре шаванд ҳамроҳ.
Бигарданд аз худӣ, мардум шаванд эшон,
Наҷӯянд қутбро, анҷум шаванд эшон…»
Дар ин андеша будам, маҷлиси хосон дуоӣ шуд,
Пас он аз шайх моро як саломе чун худоӣ шуд.
Магар он Пири Меҳонӣ парешон ёфт авзоям,
Чизе бархонд аз пинҳону пайдоям.
Бигуфто: «Эй азизон, гар чунон бинам, ки мебинам,
Ба ин ҷо мантиқӣ омад барои баҳси деринам.
Варо бо ман, маро бо ӯ гузоред аз атои худ,
Шумо ҳам бо худо бошед, мо ҳам бо худои худ…»

ШАЙХ АБӮСАИД:


- Накӯ пайғом будӣ, омадӣ охир,
Ба пои худ расидӣ ё ба пои дил?

ИБНИ СИНО:


- Зарурат аз қафо дунболагир омад,
На банда, аз камони давр тир омад.

ШАЙХ АБӮСАИД:


- Замона то кунун тиру камон дорад?
Чу Яздон дар бағал хатти амон дорад.

ИБНИ СИНО:


- Агар шайхам зи ҳоли осмонҳо огаҳӣ дорад,
Қазоро, аз само дар ҷои борон тир меборад.

ШАЙХ АБӮСАИД:


- Чу мо фосилаи арзу саморо дӯхтем аз ишқ,
Дар ин фосила чандон сохтему сӯхтем аз ишқ,
Баланду паст шуд ҳамвора монанди кафи дастам
Набошад тир дар дасташ,
Набошад тир дар қасдам…

ИБНИ СИНО:


- Бигирям гар ба ҳоли даҳр, механдӣ,
Бихандам гар ба аҳволи ту, меранҷӣ.
Ман ин саҳро ба по паймудаю бо ақл санҷидам,
Ба ҷои тайр садҳо тирро дунболапар дидам.

ШАЙХ АБӮСАИД:


- Ҳаким, ин амри ботилро маёвар пеши рӯи ман,
Ки ман худ эманам, бошад амонӣ чорсӯи ман.

ИБНИ СИНО:


- Нагардӣ то ҳадаф бар тиру пайкона,
Ки дар суръат уқоб аст он.
Ту дар суннат чу парвона,
Наояд бар ҳадаф тирам,
Бубахш, эй пир, тақсирам!

ШАЙХ АБӮСАИД:


- Ба амри ҳақ вуҷуди хокии одам,
Бишуд аз баҳри ҷон маскан,
Тани фосид барои дардҳо пайдост,
Азоби ӯ барои рӯҳу ҷон авлост;
Чаро мекӯшӣ умре дар давои тан?
Шаби ялдо ба шамъе кай шавад равшан?

ИБНИ СИНО:


- Тани солим бинои ақли солим аст.
Агарчи ними рӯ ним аст,
Агар он нимаро дард аст,
Аз он ними дигар зард аст –
Чу аз дарди шумо як хонақо дардаст бедармон,
Яке солики саргардон,
Яке муршиди бефармон,
Яке қутби висоли роҳи бепоён,
Гузида хонашерони шумо дар хонақо майдон,
Дигар майдони дунё аз далерон аст,
Баландӣ аз уқобону нишебӣ ҷои шерон аст!
ШАЙХ АБӮСАИД:


- Чу одам дар камоли зотии худ кӯтаҳӣ дорад,
Камоли воқеӣ аз баҳри хосон як раҳе дорад,
Дар ин раҳ чор даргоҳ аст;
Дари ҷаҳду яқин, дарвозаи ишқу дари тавҳид,
Ки дар поёни раҳ бошад камоли эзидӣ уммед.
Чу устурлоби асрори худо ишқ аст, бо нафрин,
Ба тиру найзаю ханҷар наёбад корҳо тазмин.
Ҷӣҳоди мо – риёзи тан, ҷиҳоди табъи инсон аст,
Дар ин ҷоҳида қутби олами имкон – имкон аст.

ИБНИ СИНО:


- Ба ҳикмат бар худоҷӯ як худо кофист,
Чу аз баҳри замине як само кофист.
Ба одам одамӣ будан муроди ӯст,
Ки як ҷавҳар маводи ӯ, ниҳоди ӯст.
Худоро ҷавҳари инсон куҷо бошад?
Куҷо як киштзоре дар само бошад?
Ҳақиқат ончунон гӯяд, ки мегӯяд;
Ки ҳар ҷинсе зи ҷинси хеш мерӯяд.
Агар шайхам яқин аз ҷинси инсон аст,
Варо чӣ нисбате бо зоти Яздон аст?
Вале нафси башар бо сураташ пайдост,
Чу сурат бишканад, сират пари анқост.

ШАЙХ АБӮСАИД:


- Мақоми аз ҳама боло атои эзиди пок аст,
Ба ҳар хосе, ки арзонӣ бидорад, хок афлок аст.

ИБНИ СИНО:


- Ба ҷисму ҷони одам ҳаст як умре сару корам,
Чу ман аз аҳли тиббу ҳикматам, ҳикмат талабгорам.
Макони қутби васли бандагон хок аст ё афлок?
Макони мавти шайхон бурҷи афлок аст ё дар хок?
Биёмурзед, шайхам чун худо ё банда мемирад?
Зи дарди ҷонгудози одамӣ ё зинда мемирад?

ШАЙХ АБӮСАИД:


(Каломе лоҷавоб омад,
Сукуте дар гаронӣ ҳамчу хоб омад).
- Ба ҳар навъе, иваз созем ҷою ҷомаро охир,
Ба номи худ фиристонем охирномаро охир…
Хабар н-омад ба шайх аз манзиле дигар,
На аз қаъри гиле, не аз диле дигар…

* Шайх Абӯсаид Пири Меҳанӣ – намояндаи бузурги тасаввуф, ки бо Ибни Сино мукотиба доштааст. Баҳси онҳо дар Шаққон ба амал омадааст.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба