|
ГАҲВОРАИ СИНО |
|
МУШКИЛОТИ ШАШ
Ба ҳар ҷо расидам, балое расид,
Зи ҳар санги хоро салое расид.
Ҷаҳон рафта аз ёди Яздон чунон,
Куҷо некмарде, ки созад ҷаҳон!
Агар даври Маҳмуд даврон бувад,
Аз он чархҳо чаппагардон бувад.
Зи пастии фикру баландии даст
Шуда илму фанро нишонда паст,
Биҷӯяд ба аҳли башар як калом:
Асири ҷаҳолат, ғуломи ғулом.
Чу девон биҷангад ба нури саҳар,
Ба нури саҳар нест дасти зафар.
Бузургон чу тухми сухан коштанд,
Халоиқ аз он баҳра бардоштанд.
Вале шоҳ хоҳад аз ин хокдон
Барорад зи бун тухми деҳқон ба дон.
Надонад, ки як дона сад дон шудаст,
Ки як ҷони равшан дусад ҷон шудаст,
Ки ҳар ҷон, ки равшан шуд аз ин чароғ,
Сиёҳӣ нагирад зи дуди димоғ.
Ҳама амри ӯ зидди амри ман аст,
На танҳо ба ман, бо фанам душман аст.
Агар ман бубахшам якеро даво,
Диҳад ӯ лакеро ба боди фано.
Ба аввал нагун кард ӯ маҳди ман,
Бурид аз Ватан риштаи аҳди ман.
Кунун банд орад ба ҳар ҷаҳди ман,
Дареғо зи аҳду ману маҳди ман!
Чу ғунҷида будам ба маҳде ба ноз,
Ба кас ҷуз ба модар набудам ниёз.
Кунун аз бузургӣ нағунҷам ба шаҳр,
Битарсам, замоне нағунҷам ба даҳр.
Биҷустам ба чашму ба ақлу ба пой
Замину замонро шаҳи некрой.
Шунидам, ки Кобус шаҳи кадхудост,
Ба аҳдаш ҳама аҳди сосон баҷост.
Ба Гургон кунун расми гургон бубин,
Хирадро ба чанголи нодон бубин.
Ки Қобус он тухмаи Вушмгир
Ба дасти писар* шуд забуну асир.
Ба Мозандарон ку ғиреванда шер,
Ки ин ҷонваронро биёрад ба зер?
Сафар кард Рустам аз ин достон –
Навишта бад-ин хок аз бостон
Фиребо шуд овозаи Вушмгир,
Надорам ба Гургон дигар чашмгир,
Чу умре сипардам ба оворагӣ.
Дили халқ ҷустам ба дилпорагӣ,
Яқин буд, ки ёбам дили ҷамъи хеш,
Фароҳам кунам илмҳои пареш.
Чӣ бахти нагунсорам эҷод шуд?
Умедам на бар хок, барбод шуд!
Ба шукронаи неъмати илму фан,
Ки дорад ба паҳнои дунё ватан.
Ба Гургон харидори нав ёфтам,
Ба сар ахтари тозае тофтам.
Дари хонаи марди Шероз**Ва маҷлис биҷӯшад шабони дароз.
Аз ин ҷамъи доништалаб хушдилам,
Ки кишти Бухоро диҳад ҳосилам.
Ба «Қонун» даре боз кардам шабе,
Ки будам гирифтори тобу табе.
Ба Шабдизи ин дард бошад савор
Ҷамоат ҳама шаб ҳазору ҳазор.
Аз ин дард ҷамъе шавад порикоб,
Бисӯзад ба оташ, биларзад ба об.
Чу тавфиқ бошад, зи по афканам
Ман ин дардро бо тану бо фанам.
Шудам бо «Маҷестӣ»** шабе ҳамнишин,
Ба таъбири аҷсоми арши барин.
Масоили ин фан ба Юнон бувад;
Маро мақсади илм кайҳон бувад.
Ба он шаклу манзар камӣ мекунад,
Чу иқлими Юнон намӣ мекунад.
Агар манзари илм як кишвар аст,
Сари бетан асту тани бесар аст.
Ман онро фарохурди олам кунам,
Ду қитъа, ду қатра ба он зам кунам.
Чӣ неъмат, ба ғурбат ватан ёфтам,
Бародар ба илму ба фан ёфтам,
Чу Ҷузҷонӣ донишварам ёр шуд,
Ки офияти умри пурбор шуд.
Чу дар васли илму амал сохтам,
Ба таҷрибаам нек бишнохтам.
Агар фазл дунёст, беманзил аст,
Агар илм дарёст, бесоҳил аст,
Агар меҳр вақти ғурубу гусел –
Нишинад ба дилҳо, барояд зи дил.
* Манучеҳр писари Шамсулмаолӣ Амир Қобус ибни Вушмгир бо иғвои сипоҳиён падарашро банди зиндон карда ба қатл расонд.
** Ибни Сино муддате дар хонаи Абӯмуҳаммади Шерозӣ истиқомат кард ва ба таълифи китоб машғул шуд. Кафо||Ба пеш
|
|
|