|
ГАҲВОРАИ СИНО |
|
МУШКИЛОТИ ҲАФТ
Фарри шоҳон чун зи мардон рафтааст,
Рустам аз майдон ба кайҳон рафтааст
Рӯй овардем бар даргоҳи зан,
Нармсӯз аст оташи хиргоҳи зан.
Сӯи Рай рафтем аз роҳи Ҷибол,
Аз дами сайёд монанди ғизол.
Дар дами Рай пешвозам омаданд,
Чорагарҳо чорасозам омаданд.
Хоса манзил буд, он ҷое шудам,
Баъди ранҷе дар дилосоӣ шудам.
Пас ба Ҷузҷонӣ ба дарбор омадем,
Бо Сайида* мо ба гуфтор омадем.
Буд малика рӯи тахту зери тоҷ,
Гуфт: «Илоҷе кун, агар дорӣ илоҷ…
Вориси ин тахт ин бадбахт шуд,
Сустии нафсаш балои сахт шуд.
Ин Маҷидуддавла фарзанди ман аст,
Бо билоду мулк пайванди ман аст.
Ҷамъ бошад дар сари сомони хеш,
Лек дар кори ҷаҳон бошад пареш.
Ҳаст кӯтаҳ ақли ӯ бо умри ман
Дар умури кишвару ҳифзи Ватан…»
Гуфт Сино: «Умратон бодо дароз!
Дард агар кӯҳ аст, гардам чорасоз».
Дар муоина шудам беморро,
Боз бинмуд ӯ дари асрорро:
«Ғам агар дард аст, ғамбемор ман,
Сар ниҳода пеши ӯ ночор ман.
Ман малики ин билоду кишварам,
Ҳукмрони мулк бошад модарам.
Соли манро рӯзу шаб кам мекунад,
Ӯ ба умри хештан зам мекунад.
Бо чунин аҳвол чун ёбам камол,
Давлати модар куҷо ёбад завол?!
Решаи дардаш бурун аз хок буд,
Сустии тан, сустии идрок буд.
Боз савдои вилоят дар сараш
Ҳалқа чун мори сияҳ дар бистараш.
Бӯалӣ гуфто, ки ин амри ман аст,
Амри фан бар касрати ҷону тан аст:
«Аз ҳама фикри худӣ озод бош,
Аз ману дидори модар шод бош.
Давлати дидори модар кимиёст,
Ки ба дарди бедавоиҳо давост.
Баъд аз ин дорую дармонат кунам,
Мулки танро зери фармонат кунам».
Сар ниҳод ӯ зери фармони ҳаким,
Дасти кӯтоҳеву домони ҳаким.
То бад-ин минвол як моҳе гузашт,
Гӯиё аз теғи ҷарроҳе гузашт.
Рафт ранҷу шуд саломат ёри ӯ,
Ҷуръат афзун мешудӣ дар кори ӯ.
Чун ба ҳаждаҳ шуд баробар соли ӯ,
Тундие бархост аз омоли ӯ.
Шуд талабгор аз малика тахтро,
Бурд аз даргоҳи модар бахтро.
Аз ҳамин дарди гарон модар гузашт:
Пас балоҳои замин аз сар гузашт…
Чун маликро заъфи модарзод буд,
Корҳо на аз хирад, аз бод буд.
Кард исён зидди ӯ хайли сипоҳ,
Буд ҳайрон, то куҷо орад паноҳ.
Номае бинвишт бар Маҳмуди шар,
То ба дасти ӯ ба худ ёбад зафар.
Аз қазо, Маҳмуд, аз Мозандарон
Сӯи Рай меомадӣ бо лашкарон.
Номаро бигрифту амре боз дод,
Амрро бепарда, бепардоз дод,
Гуфт: «Ҳоҷиб, ҳар чӣ дар ин нома аст,
Баҳри мақсуди шумо чун ҷома аст.
Мард бошад, бар Ватан сар медиҳад,
Ин ба тасхири худаш зар медиҳад.
Ин амир аст, ё ки тифли бесар аст,
Ки варо бозӣ ба дурру гавҳар аст.
Ё сари бозӣ ба султон мекунад?
Ё маро пиндори нодон мекунад?
Гар ба тазвир аст, аз тадбир нест,
Дар қусури ӯ маро тақсир нест.
Аз зару гавҳар магардон рӯйро,
Лек аз майдон баровар гӯйро.
Ин амири бехирадро даст гир,
Ман бубинам то куҷо бошад амир!
Қарматиҳоро чу асрори баланд
Каш якояк бар сари дори баланд.
То бидонад амри султонӣ куҷост,
Пояи ҷоҳу ҷаҳонбонӣ куҷост?»
Амри султонӣ зи яздонӣ гузашт.
Аз ҳади доною нодонӣ гузашт.
Рӯзи дигар субҳи содиқ шуд гувоҳ:
Худ Маҷидуддавла бо чандин сипоҳ
Омаду бо душманаш ҳамроҳ шуд,
Баста шуд… Охир саги даргоҳ шуд.
Ҳаст дар бозии қисмат шеваҳо,
Аз шаҷар афтад аҷоиб меваҳо!
Кист дар хуни худӣ зомин шавад?
Душмани худ, душмани ойин шавад?!
Кист аз беборагию бесарӣ
Дод бар марги муфоҷо кишваре?!
Амри султон бо масал омад баҷо,
Дар бало беҳтар, ки дар бими бало…
Ҳар дарахти бебаре пурбор шуд,
Дор шуд, зеби сару дастор шуд…
Дарди шоҳон аст дарди бедаво,
Аз чӣ бахшидам ба нодоне шифо!
Ман сабабгори ҳамин маҳшар шудам,
Зидди шар будам, зи аҳли шар шудам.
Ман, ки будам дар набарди неку бад,
Дар набарди нуру зулмат то абад,
Рӯ ба рӯ гаштам ба зулматпешае,
Чун кунам дар ҷанги ӯ?..Андешае…
Ҳайфи ин дониш, ки ғофилгир шавам,
Равшаниро аввалу охир шавам,
Разми мо боқист бо назми куҳан,
Дасти мо болост аз гӯру кафан…
** «Ал-Маҷестӣ» - китоби ҳайати Батлимус-Птолемей Юнонӣ, ки Ибни Сино онро шарҳ ё ва такмил додааст.
* Чун Маҷидуддавла писари Сайида Малика хотун, ба синни балоғат нарасида буд, вилоятро худаш идора мекард. Кафо||Ба пеш
|
|
|