|
ГАҲВОРАИ СИНО |
|
МУШКИЛОТИ ҲАШТ
Худованди «Қонуни» хокисиришт*
Зи дӯзах баровард ё аз биҳишт,
Яке наъши наврафтаро ними шаб
Ба расми кафандузди дунёталаб.
Ба таҳхонаи тор овард рост,
Ки амри ҳақиқат ба ҳақ норавост.
Ба болои мизаш чун бигзоштанд,
Ҳама роз аз хона бардоштанд.
Ду тан аз балохона боло шуданд,
Калиди дари роз ҷӯё шуданд.
Яке монд бо наштару бо фанаш,
Ва ҷисме ба сардии сарди танаш.
Биафрӯхт шамъе ба тори сараш,
Бисанҷид сар то ба по пайкараш,
Яқин кард Сино, ки ҷисми зан аст,
Ки дар паҳнаи синааш барзан аст.
Ва Сино бигуфто: Дар ин доварӣ,
Ба амри ду ҳақ мар маро хоҳарӣ.
Ва аз пайкари ғам кафан баргирифт,
Ки хуни ҳаким дар бадан даргирифт.
Бипӯшид чашму бигардонд рӯй
Аз он рӯи зебо аз он мушкмӯй,
Аз он пайкари поки имдодҷӯй,
Ки аз барги гул рафта ҷонаш чу бӯй,
Аҷаб пайкаре дид, дар рӯзгор
Накарда танашро касе дар канор
Ба ҷуз хокдону ба ҷуз модараш,
Бигашт аз буридан дами наштараш,
Наомад баробар ба ӯ ҷавҳараш.
Қасам хӯрд дар пайкари мармараш:
«Агар аз биҳишти гумонӣ туро
Чу Момо Ҳаво ман бикардам ҷудо,
Бубахшо, чу фирдавси дунё манам,
Ба амри абадхоҳию бо фанам.
Кашидам агар з-оташи дӯзахат,
Чаро нест доғе ба моҳи рухат?
Чаро нест дуде ба ҷуз мӯи ту,
Чаро нест чине ба абрӯи ту?
Чаро нест осори оташ туро?
Куҷо рафт ҷони мушавваш туро?
Набинам асар аз азоби анин,
Набинам асар аз саломи замин.
Бад-ин шевае, ки туро ёфтам,
Ба як мӯя сад мӯй бишкофтам.
Ки аҷсодро хайру шар нест, нест,
Гунаҳ ҷуз ба нафси башар нест, нест!
Ба таъҷил рафтӣ чаро, эй парӣ?
Надорам ман эъҷози пайғамбарӣ,
Ки бо як нафас ҷон атоят кунам,
Магар ҷони худро фидоят кунам.
Ба сарвақти ту рафт аввал қазо,
Намуда зи рӯҳу равонат ҷудо.
Агар мерасидӣ ба як шом пеш,
Аз ин бехудиям ба як ҷом пеш.
Агар хуни ту сар ба сар заҳр буд,
Фани ман чу дарёи позаҳр буд.
Кунун заҳр шуд нӯшдоруи ман,
Ба ҷои ту бояд, ки пӯшам кафан,
К-аз ин шармсорӣ биёбам раҳо,
Ба дарди ту дигар надорам даво…
Аё мӯи шабрангу эй рӯи рӯз!
Гирифтори он оташи хонасӯз.
Ки дар санги хоро асар мекунад,
Зи санг оҳи сангӣ бадар мекунад.
Аё наварӯси арӯси кафан,
Ки хушкида хунат зи ғам дар бадан,
Ба номат бубахшам китоби шифо,
Ки дарди замонро биёбам даво.
Ки дарди ту дарди замон асту бас!
Ки марги ту марги замон асту бас!
Дар ин музтарию дар ин бедарӣ
Баровард фарёд то Муштарӣ.
Бигуфто: Худованди ҷонофарин,
Ту чархи баринию Сино – замин!
Ту ҷонбахшу ҷонгиру ман ҷонхарам,
Туӣ додгустар ва ман доварам.
Ба ин пастӣ охир чаро аз фароз
Диҳӣ кӯтаҳӣ кори дасти дароз.
Агар амри кул чун атои шумост,
Ҳама амри ҷузъӣ ба фармони мост.
Дар ин тирашаб нури тобон манам,
Агар ҳаст донои нодон, манам!
Битарсам, ки нурам барорам бурун
Аз ин тангною бигардам забун.
Чу соя зи дунболи ман сояат,
Басе шайхи гумроҳи ҳамсояат,
Ки амри маро куфр эълон кунанд,
Ки фанни маро фанни шайтон кунанд…
Чу ман бо аҷал ҷанг дорам, чаро
Азалро сипар мекунӣ, эй худо,
Агар ҷанг ҷӯӣ дар ин корзор
Бигирам зи ту парда, эй пардадор!
* Дар Ҳамадон шогирдони Ибни Сино пинҳонӣ ҷасади мурдаҳои навро барои муоина ва таҷриба берун меоварданд. Аз рӯи зарурати тибби амалӣ ӯ гуфта буд: «Барои ман ҷисме аз фанни Гален муҳимтар аст». Кафо||Ба пеш
|
|
|