Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ГАҲВОРАИ СИНО


МУШКИЛОТИ НӮҲ

Ҷаҳон охир чу зиндони башар шуд,
Ҷавонмардӣ ҳама зери сипар шуд.
Фани ман аз замин то осмонҳо
Ба ҳикмат боз медорад ҷаҳонҳо.
Бувад ҳар одаме чун олами ман,
Ғами олам барояд аз ғами ман.
Чу дар рози ҷаҳон рафтам, расидам,
Ба роҳи ақли худ банде надидам;
Ба ҷуз банди аҷал, ки дар замин аст,
Надонӣ дар куҷое дар камин аст:
Ба дарбор аст ё дар зери дор аст?
Ба зери об ё дар куҳсор аст?
Намедонӣ, ки ӯ ҳамроҳи дард аст?
Чу марде ё ба майдони набард аст?
Надонӣ, дар фасоди тан ниҳон аст
Ва ё бо ҷон равон асту равон аст.
Надорам шиквае аз ин амирон,
(Ба доми ҷаҳлу нодонӣ асирон).
Намонда сар яке дар болиши ман,
Начида донае аз дониши ман;
Ба вақти дард ё донотарошӣ
Кунанд аз баҳри доное талоше.
Маро боре ба маснад мебароранд,
Сипас то зери зиндон мефароранд.
Ҷаҳондорӣ агар илми барин аст,
Чаро гаҳ рӯи зин гаҳ зери зин аст?
Ҷаҳондоре, ки аз худ бохабар нест.
Зи ганҷи адлу дониш баҳравар нест,
Раҳи ӯ ҷуз ҳамин зеру забар нест:
Чӣ соҳибтоҷҳо соҳиби сар нест!
Ҳамадон гар надонад, ман бидонам,
Зи дигар кону аз дигар маконам
Вале чун роҳи дониш пеша кардам,
Ба зоти фан басе андеша кардам:
Чу дониш бемакону бо макон аст,
Аҷаб соҳибҷаҳони беҷаҳон аст!
Нашояд, ки шавад моли амире,
Чу ман дар ҳалқаи дунё асире…
Чу Шамсуддавла*1 шуд тобутсавора,
Ба ӯ кардам ато умри дубора.
Кулинҷашро кашидам аз ниҳодаш,
Валекин монд дар сар кибрбодаш,
Ки он бодаш балои ҷони мо шуд,
Аз ӯ моро ду зиндоне ато шуд…
Чу будам банди зиндони маҷозӣ,
Надорам бими зиндони асосӣ…
Чу зиндон аз барои зиндагон аст,
На зиндон аз барои мо ҷаҳон аст.
Чу бо фан зиндаам, дар фан бикӯшам,
Бимонад бори дунё бори дӯшам.
Кушоям равзани дигар ба «Қонун»,
Фаро гирам гиёҳи кӯҳу ҳомун.
Зи заҳри мору бӯи гул бисозам
Яке таркиб, к-ояд чорасозам.
Ба асрори табиат рафтам осон,
Аз он ҷо барнахезад макри инсон,
«Шифо»-ро мекунам шаҳпули дунё
Ба рӯи панҷ ҳикмат – панҷ дарё.
К-аз он бошад гузар ақлу хирадро
Зи Юнон то Бухоро – неку бадро.
Барои ошиқон кардам рисола
Зи ишқи Ҳай*2, ки сӯзад чун ҷавола…
Ба ин ҷо гаҳ вазиру гаҳ асирам,
Гаҳе зери назар, гаҳ беназирам.
Басе омехтам бо дардмандон,
Забони ростгӯям зери дандон,
Ки дарди ин замон танҳо ба тан нест,
Илоҷи дардҳо танҳо кафан нест.
Ки ин дарди замони бенизом аст,
Замон аз ранҷрӯзиҳо тамом аст.
Чӣ чора, чорасоз умре ба банд аст?
Фани ман дар шикели банду фанд аст!
Ба нафси кишвари шамси вилоят
Ҳамин кишвар наомад дар кифоят,
Ба Торам*3 лашкари таррор мебурд.
Сари худро сари бозор мебурд.
Ба ними раҳ кулинҷаш тоза гардид.
Намурда, мурданаш овоза гардид.
Аз ин раҳ мурдабор омад сипоҳаш.
Чу аспи бесавор омад сипоҳаш.
Валиаҳдаш*4 нишаст андар мақомаш,
Савори аспи безину лаҷомаш,
Ки ин аспи саворандози тозӣ
Ба ҷиддӣ мебарад анҷоми бозӣ…
Самоуддавла гуфто: «Ин аморат
Мабодо бе вазиру бе вазорат!
Чу Сино марди ботадбир бояд,
Ки қадри маҷлиси моро фазояд.
Ҳаким гуфто: «Баландиҳои ҳикмат
Намерӯяд ба пастиҳои фитрат. Чу медонист қавми бевафоро,
Зи дӯш андохт ин бори балоро.
Чу дилгир аз шару шӯри ҷаҳон шуд,
Чу бӯи гул ба барги гул ниҳон шуд.
Панаҳ додаш Абӯғолиби аттор,
Ки сирри хона нафрӯшад ба бозор.
Ба мантиқ баст ӯ боби «Шифо»-ро
Кушода ҳикмати арзу саморо,
Самоуддавла бо тоҷи амонат,
Ба гардан баст Синоро хиёнат.
Нишонда дар Ҳисори Фардҷонаш,
Баробар кард ӯ суду зиёнаш. Ҷаҳон хоб аст ӯ шабзиндадор аст,
Ба тадбири ҷаҳон дасте ба кор аст.
Нишаста ӯ ба ҷурми бегуноҳӣ,
Яке аз Исфаҳон омад сипоҳе.
Алоуддавла*5 дар тасхири ин хок
Биёмад бар ҳарифи суст чолок.
Амири беҷигар аз бими ҷонаш,
Бурид аз кишвару аз хонадонаш,
Панаҳ овард рӯзе ихтиёрӣ
Ба зиндоне, ки ман будам ҳисорӣ,
Агар ин аст расми мулкдорӣ,
Мабодо дар ҷаҳон як тоҷдоре!
Чу ҷангу ҷӯши шоҳон гашт хомӯш,
Чу деги хомкорӣ монд аз ҷӯш,
Шаҳу зиндониён гашта баробар,
Бурун рафтанд аз зиндони якдар.
Аз ин ҷо риштаи ёрӣ буридам,
Ба сӯи Исфаҳон чашми умедам.
Шабе бо хилъати дарвеш рафтем,
Бало аз пушту роҳ аз пеш рафтем…
Чӣ меҷӯям қароре зери гардун –
Ба Алванду ба Гургону ба Ҷайҳун?!


*1
Шамсуддавла амири Ҳамадон то ҳадди Ироқ, писари дуюми Сайида буд. Вақти расидани Ибни Сино ба Ҳамадон ӯ дарди қулинҷ гирифтор буд. Баъд аз муолиҷаи қулинҷаш Сино ба сарварии вазорати ӯ расид.



*2
«Ҳай бинни Якзон» қиссаи ишқии Ибни Сино, ки дар зиндони Ҳамадон таълиф шудааст.


*3
Лашкаркашии Шамсуддавла ба кӯҳистони Кирмоншоҳ дар назар дошта шудааст.


*4 Баъд аз дар нимароҳ мурдани Шамсуддавла писараш Самоуддавла фавран ҳокими Ҳамадон шуд.


*5 Алоуддавла – амири Исфаҳон, ки бо Ибни Сино мукотиба дошт ва ӯро ба дарбори худ мехонд.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба