Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

СУРӮШИ ПАНҶУМ

Робиа
Шаби наврӯзу мавҷи лолазорон гулхани наврӯз,
Тани Робиа ё гулбарг ё пироҳани гулдӯз.
Рухаш гул-гул,
ба рӯяш сояи кокул,

Суруди ҳусни ӯро месарояд то саҳар булбул.
Гули наврӯзро Аҳмад на аз дашту даман мечид.
Нахустин лолаҳоро аз лаби он гулдаҳан мечид.
Муҳаббат ногаҳон афтод мисли ҳалқаи тилло
Зи дасти ӯ миёни буттаи гулҳо,
Садоқат аз лабонаш ғарқ шуд дар софии дарё,
Ки онро ҳеҷ ғаввосе намеёбад аз ин дарёи бемаҷро.
Шаби дилдодагон аз васлу ҳиҷрон буд обастан,
Гусастан буду барбастан,
шикастан буду пайвастан.

Хурӯси бемаҳал ифшо намуд асрори ин шабро,
Шафақ аз осмон мебурд ҳамчун дузд кавкабро.
«Надам, эй субҳи содиқ, кош козиб мешудӣ боре,
Мабар бори гарони ишқро бо ин сабукборӣ.
Ту, эй шаб, дояи бахти сафедам,
сояи мӯям,

Агар поён пазирӣ,
гир аз поёни гесӯям,

Идомат кун, ки имшаб осмон чун чодари гулдӯз
Ба рӯи бистарам ахтарфишонӣ мекунад то рӯз.
Агар як осмон бошад, дар он хуршеди ишқи ман
Фурӯзон аст, сӯзон аст,
Шабро мекунад равшан!
Ту, эй Зӯҳра, кунун дар торҳои тираи мӯям
Бизан чанге, ки ман сози сухангӯям.
Барор оҳанги софи осмонӣ аз мани хокӣ,
Ки бахшам зумраи нопокро як зарраи покӣ!
Манам конунаи олам,
Манам сарманшаи одам!
Ба ҳукми ғунча будам,
Гул шукуфт аз домани покам,
Нарав бахти шабам,
савдои умрам, рӯзи ғамнокам,

Ки ишқам – шоҳболам дӯшборам мешавад охир,
Ва ин ганҷи гарон санги мазорам мешавад охир.
Ман охир навбаҳорам,
навбаҳорам мешавад охир!
Агар ишқам зи оғӯшам фитад ногоҳ бар дӯшам,
Намеёбӣ ту дигар ростии сарви гулпӯшам…
Валекин осмон хандид бо лабхандаи хуршед,
Ки ман аз худфурӯзию баландӣ гаштаам ҷовид.
Саҳар рахти сафар мебаст Аҳмад, деҳаи Сина
Зи оби чашмаҳою чашмҳо медошт оина.
Ду дасти Робиа бар гарданаш чун ҳалқаи симин,
Ҷудо шуд ҳалқаи симин
Бо як бӯсаи ширин.
Ба хилват модари оинадаст ӯро дуо медод,
Ба рӯи оина оини аҷдодон ҷило медод,
Ва Аҳмад дид дар оина рӯю обрӯяшро.
Ва модар бӯсаборон кард мӯи нозбӯяшро.
Ба айвон шиҳа мезад аспи раҳвораш ба зери зин,
Ба қоши зини хотамкор
қамчини падар,
Омин…

«23 ноябр. Панҷоҳу ҳашт рӯз барои гирифтани як хона ҷонбозӣ кардем, барабас…
Агар мӯъҷизае рух надиҳад, ягон сарбози мо ба Германия барнамегардад. Ба мӯъҷиза бовар надорам. Вақт ба ҳукми русҳо гузашт…»
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба