|
СУРӮШИ ШАШУМ
Аҳмад Турдиев
Ба рағми марг дар хонаи мо – «Хонаи Павлов» тифле таваллуд шуд. Ҳама ӯро Зина*, ман Зиндагӣ ном гузоштам.
Замин оташ
Ва дарёи дамон оташ,
Ба рӯи об ҳамчун мавҷи хунине равон оташ,
Ба ҳар хона ба ҷои ошдон дар остон оташ,
Ба ҷои гул
Ба боғу бӯстон оташ.
Самои дудаолуда
Ба Қурғони Мамай ларзону овезон,
Садои тӯпҳо чун хандаи шайтон,
Миёни наъраҳои тӯп ояд гиряи тифлон…
Худоро, об месӯзад,
Рухи маҳтоб месӯзад,
Туфанг аз тоб месӯзад
Ва мӯи модари бетоб месӯзад!
Сафи таёраҳо бори бало бар дӯш меояд,
Зи таҳхона нидои зиндагӣ бар гӯш меояд,
Садои тифли навзод ончунон пурҷӯш меояд,
Ки аз фарёди ӯ тайёраҳо хомӯш меояд.
Магар дарди замину модари бечора як ҷо шуд,
Ба як фарёд берун гашт,
равшан чашми шаҳло шуд,
Зи нав таскини дилҳо шуд,
Зи нав тамкини дунё шуд,
Ки тухми зиндагонӣ аз ниҳоди хок боло шуд.
Миёни ҷангҳо аз ёд бурдам меҳрубониро,
Шудам устод дарси ҷонфишонӣ, ҷонситониро,
Ба ман овард бӯи тифл бӯи зиндагониро,
Ҷавониро, ҷавониро…
Заминро хандарӯ аз гиряи тифлона мебинам.
Зи рӯи дӯстонам хандаи тифлона мечинам
Ва ободии фардоро дар ин вайрона мебинам,
Заминро ташналаб аз васли обу дона мебинам.
Туро дар ин садои тоза бишнидам, Ҳисори ман,
Туро аз дур ҳамчун равшанӣ дидам, нигори ман,
Сари гаҳвораи фарзанди ишқи беғубори ман
Ту шабҳо зинда медорӣ чароғи рӯзгори ман.
Дар ин ҷо лек ҷои шамъсӯзӣ, худфурӯзӣ нест,
Шаби оташгирифта камтар аз рӯзи тамузӣ нест,
Ба ҷои шамъ ин ҷо қомати шамшод месӯзад,
Ва ин оташ маро то решаю бунёд месӯзад.
Дар ин ҷо бист ёронем, ба як паймону имонем,
Замин гаҳвораи тифл асту мо гаҳвораҷунбонем,
Гаҳе бо шеър, гаҳ бо тир ӯро алла мехонем,
Наафтад то ки як мӯяш, сари як мӯй ларзонем.
Дар ин хона, ки ҳоло чордевори валангор аст,
Ба чашми хасм гӯё зиндагӣ маҳруми такрор аст,
Вале аз ишқ осор аст,
Бузургии ҷаҳон дар ин ҷаҳони хурд подор аст.
Ҷаҳони додхоҳу додвар бо мост ҳамхона,
Агар ин хона афтад, мешавад сад хона вайрона,
Туро, эй тифли фарзона,
Ба мисли ҷони ин хона
Намоям ҳифз бо дастону бо дастури мардона!
«28 декабр. Аспҳоро хӯрдем. Танҳо саманди баргузидаи генерал мондааст, ки ба он на даст мерасад, на дандон. Наход ӯ умед дорад, ки бо ин ёбуи худмурда аз интиқом гурезад. Сарбозони мо ба ҳукми мурдаанд ва чун васвосиён пайваста меҷӯянд, ки чизеро фурӯ баранд. Аз гулӯлаҳо намегурезанд, маҷоли роҳ рафтан ва паноҳ бурдан надоранд.»
* Зинаида Селезнева ҳоло дар Волгоград ба сар мебарад. Кафо||Ба пеш
|
|