|
СУРӮШИ СТАЛИНГРАД |
|
СУРӮШИ ҲАФТУМ
Момои Асал
Қади Робиа монанди ниҳоли себи хубонӣ
Ба зери бори ҳусну меваҳои ишқи инсонӣ,
Зи боди тирамоҳӣ барг мерезонд, хам мешуд,
Ба бораш бор зам мешуд.
Нахустин меваи умри азиз аз шохи урёнаш
Бурун ҷаста зи курта аз гиребон то ба домонаш.
Ба зери парда меҳри модарӣ бо шир меҷунбид,
Каманди мӯи домангир чун занҷир меҷунбид,
Ба шабҳо хонааш аз гиряи шабгир меларзид.
Зи бӯи тир дар кӯҳу камар нахчир меларзид.
Гаронбор аст себи сурх,
Акнун поя меҷӯяд,
Гаронбор аст духтар,
ҳамчу модар доя меҷӯяд.
Валекин пояи ӯ боғи калон будӣ,
Чанори соябонаш сарпаноҳи дигарон будӣ, -
Ба шаҳри номвар,
бебому дар,
бемурғ,
белона,
Муҳаббатгоҳи вайрона,
Ва ҳар як хона паймона,
Ки холӣ мешавад, пур мешавад аз умри инсонӣ,
Дар он ҷо амри яздон рафта аз фармони яздонӣ.
Сари чархи фалак дар чархҳои танк мегардад.
Замин мегардаду дар як хиёбон танг мегардад.
Чу боби охири таърих-дарё бо гузаргоҳаш,
Барад умеди душманро чу нақши об ҳамроҳаш.
Ҷаҳонбон паҳлавонон ҳамраҳи ин рӯд медоранд,
Саморо ҳамчу боми хонаҳо бар дӯш медоранд…
Шабе бар хонаи ҳамсояҳо бурданд мардонро,
Зи дарди ногаҳон Робиа меафшурд дандонро,
Ба болои сараш медид нури шамъи ларзонро,
Нигаҳбонии чашмонро, парастории дастонро.
Занони деҳаи Сина, зи рӯи тибби луқмонӣ
Чи меҷӯед бар дарди гарон дармони осоне?
Ки ин дарди варо сайёди бетадбир медонад,
Расиданҳои тиру гиряи нахчир медонад.
Ки ҷанги беамон-сайёди домангир, чун тақдир
Камар накшода, аз дунболи оҳу меравад, охир
Паи тираш,
Паи маҷрӯҳ нахчираш,
Нишонад то ки аз пояш,
Биёрад то ки дар гираш…
Чу чашми Робиа –
чашми сиёҳи шом равшан шуд
Ва тифли ӯ зи доман шуд,
Ба ҳасрат дояҳо рафтанд,
Чу соя бесадо ҳамсояҳо рафтанд.
Кунун гаҳвораи бетифл чун тобут меҷунбид,
Ба маҳди кӯчаке дарди гарон бо зӯр меғунҷид,
Пагоҳӣ тифлро аз ошён бар хокдон бурданд,
Зи чашми Робиа бо суръати наҷми парон бурданд
Ва дардаш монд чун тири қазо дар синаи модар,
Ҳақи шираш чу оби шӯр андар дидаи модар.
Чи асрорест?
Дарди марги тифлона,
Ки умраш буд ҳамчун умри парвона,
Гаронӣ мекунад бар дӯши ин хона?
Шабонгаҳ Робиа назди шуои шамъи бобоӣ
Сари гаҳвораи зору сабил мехонд лолоӣ,
Вале гаҳвора холӣ, хона холӣ, ошён холӣ,
Танӯри тобдори синаи духтар зи нон холӣ,
Садо мекарду ҷанги дурро наздиктар медид,
Ба равзан кӯрдуду
Шӯълаашро дар ҷигар медид.
«30 январ. Чӣ рӯзи офтобӣ. Таёраҳои рус пайваста парвоз мекунанд. Замин шудгор мешавад. Соати 12 Геринг бо тасалло ҳарф мезанад, ки ин ҷо мемонем ва соати 16 Геббелс… Боз ҳолам хароб шуд… Русҳо корпуси урдуро иҳота карданд. Мо дар ҷуволем… Ҷангро бо ин шиддат касе ёд надорад. Ана Волгаю мана ғалаба… Яқин аст, ки дидори якдигарро дар қиёмат мебинем… Кафо||Ба пеш
|
|
|