|
СУРӮШИ ҲАШТУМ
Василий Чуйков
Замини безабон,
хоки шаҳидон, дор маъзурам,
Ба он ҷое, ки ёрон сар ниҳода, пой мемонам,
Бубахшед, эй азизон,
ман қадам беҷой мемонам…
Ҳамон рӯзе, ки душман
зер кард аз кибр домонат,
Чӣ домоне, ки бо сад ноз мепарвард тифлонат,
Писарҳоят барои ҳифзи номусат камар бастанд,
Ҳазорон даст пайвастанд,
Қасам хӯрданд,
Нашкастанд,
Зи обу оташу сармо варо то хок мебурданд,
Ба ин савганд мезистанду бо савганд мемурданд:
Зи Волга он тараф моро замине нест, ҷое нест,
Ки аз ту зиндаи мо, мурдаи моро ҷудоӣ нест!»
Ба ҳукми ин қасам як сарҳади ин шаҳр дарё буд,
Ҳади дигар –
хати ҷанги ҷаҳон дар байни дилҳо буд:
Сараш дар кӯчаи Ленин – миёни шоҳроҳи мо,
Давомаш рӯи ҷисми тифлҳои бегуноҳи мо,
Миёнаш аз миёни хонаи мардум гузар мекард,
Ҳазорон кӯдаконро бепарастору падар мекард,
Дами тезаш,
чу ханҷар аз дили мо мегузашт, аз ҷон,
Ба хунсардӣ намуда ошёни ишқро вайрон.
Куҷо буд охири ин хат?!
Хати сӯзони бепоён,
Хати тақдир байни ошиқу маъшуқаи ҳайрон?
Дар ин ҷо буд оғозаш,
Валекин буд осораш
Ба ҳар як шаҳри мо, дар деҳаи мо, хонадони мо,
Ба рӯи синаи мо, ҳамчу захми душманони мо,
Миёни ин ду хат дар Волга ҷанги беамон мерафт,
Агар мерафт, дар ҷанги ҷаҳон ҷони ҷаҳон мерафт.
Дар ин ҷо хонаҳо, чун қалъаҳо мекард подорӣ,
Дар ин ҷо ҷонсупорӣ буд исботи вафодорӣ,
Дар ин ҷо санҷиши дилбастагии хоку одам буд,
Ки ҳар сарбоз ҳамчун арчаи дар хок маҳкам буд.
Агар сарбоз меафтид, заминро панҷаҳои ӯ
Ба зӯри охирин медошт, ҳамчун решаҳои ӯ.
Дусад рӯзу шаби мушкил
Ба ҳам пайваст чун занҷир,
Барои бастани қотил.
Пас аз рӯзу шаби якранг
Субҳи бахт хандон шуд.
Зи бонги тӯпҳо саҳро ба зери барф ларзон шуд,
Замину осмон дар чашми душман гирдгардон шуд,
«Хати тақдир» вайрон шуд.
Хати дигар зи ҷо ҷунбид,
хати занҷири фӯлодин,
Биёмад ҳалқасон бар гардани
он душмани бадкин.
Дар ин сония, эй модар!
Диловар зиндагони ту,
Муқаддас мурдагони ту
Забун карданд душманро, биёварданд пеши ту,
Чу дармоне ба дарди ту, ба қалби реш-реши ту,
Биёварданд, то душман фишонад гарди домонат,
Фурӯ орад сари мағрурро дар пои урёнат!
Ту ғолиб будӣ, эй модар,
Ту фотеҳ будӣ, Сталинград,
эй шаҳри ҷонбозӣ…
Ту хандидӣ,
Агарчанде ки дар бар доштӣ пироҳани мотам,
Чу модар дидамат имрӯз
аз фарзандҳо розӣ…
Замини қаҳрамон,
Хоки шаҳидон! Дор маъзурам,
Ба он ҷое, ки ёрон сар ниҳода,
пой мемонам,
Бихобед, эй азизон,
ман қадам барҷой мемонам!
«31 январ. Фельдмаршал Фон Паулюс дар муроҷиатнома ё васиятномаи худ ояндаи моро ба худо ҳавола кард…» Кафо||Ба пеш
|
|