|
СУРӮШИ МОДАРОН
ДАР ХОКИ ФАРЗАНДОН
Ситоиш мекунам кӯҳи баланди рӯҳи инсонро,
Фурӯ меоварам ман қулааи кӯҳи Бадахшонро
Ба пои ту, аё гултеппаи бори ҷаҳонбардӯш,
Ай сайёраи сокит, аё гаҳвораи хомӯш!
Ба Қурғон барфбоди навҳагар бо тундию бозӣ
Зи гардун мефарояд чун кабӯтарҳои парвозӣ,
Садои оҳанинро ҳар зимистон мекунад такрор
Ва рӯҳи хуфтагонро бори дигар мекунад бедор.
Дар ин рӯзи муқаддас модарони авлиёгашта,
(Ҳамон ҳоҷатбаророне, ки мӯҳтоҷи асо гашта),
Ба эҳсосе, ки онро орифон эъҷоз мегӯянд,
Ба ёди зиндаи худ роз мегӯянд, меҷӯянд.
Ана модар,
ҳама олам гувоҳи ӯ,
Ки то ин қулла барфи қулла шуд мӯи сиёҳи ӯ,
Ба рӯи хокдон истода чун ҳайкал, намеҷунбад.
Ва дарде, ки дар ӯ ғунҷида, дар олам намеғунҷад.
Аё модар,
Адои мӯи ҳамчун ширу рӯмоли сиёҳат ман,
Фидои ашкҳои ҳамчу тифли бегуноҳат ман.
Ба зери лаб чӣ мегӯӣ, чӣ меҷӯӣ?
Гули худро намеёбӣ миёни буттаю гулҳои худрӯӣ.
Зи рӯи зинаҳои мармарин бо ин гаронборӣ
Ба нармӣ мебароӣ, бемададгорӣ,
Ба рӯи санг меҷӯӣ магар нақши ҷигарбандат?
Баландӣ мекунад оё баландиҳои фарзандат?
Бигир аз дасти ман бо дасти ларзонат,
асоят ман,
Талабгори дуоят ман.
Чаро ҳарфе намегӯӣ,
ба чашми хира меҷӯӣ,
Ва чун пироҳани Юсуф
дар ин ҷо сабза мебӯӣ?
Миёни роҳ
Пои ҳайкали сарбоз истодӣ,
Сари худро ба рӯи синаи сарбоз бинҳодӣ,
Чу нашнидӣ садои бозии дилро,
Гирифтӣ дар канорат санги соҳилро.
Калон гардида фарзандат, намеғунҷад дар оғӯшат,
Сукути ӯ бувад ҳамроз бо лабҳои хомӯшат,
Ба оҳе нарм кардӣ бо каромат санги хороро,
Ба дасти ӯ ниҳодӣ тозагулҳоро,
Вале нагрифт ӯ гулҳои боғатро,
Магар сӯзонд фарзандат димоғатро?
Намебинӣ,
ки ҳар ду дасти ӯ банд аст,
Ба рӯзи сулҳ дар ҷанг аст,
Камони ӯ ҳамоно гарм аз оташ.
Ба захмаш тоза чун пироҳани чокаш.
Бигир аз дасти ман
бо дасти ларзонат,
Фидои ашки сӯзонат!
Ва аз нав зинаҳо дар пешу
Модар дар ҷаҳони хеш,
Намояд такя бо дасте ба зонуяш,
Ду девори валангор аз ду паҳлӯяш.
Ба ҳар девор разму рамзҳо хомӯш,
Садои ҷанг ояд аз дили деворҳо бар гӯш.
Баногаҳ чашмро бо хашм бикшодӣ,
Қадам бебок бинҳодӣ,
Бидидӣ ҳайкали хомӯши худро дар азодорӣ,
Ба зонуят ба хоби сахт фарзандат,
Аҷаб хобе, надорад ҳеҷ бедорӣ!
Ба рӯяш пораи парчам,
Кушодан хостӣ, накшод парчам,
Рӯи ӯ маҳкам.
Бигир аз дасти ман бо дасти ларзонат,
Фидои ашки урёнат!
Даромадгоҳи Пантеон,
Зиёратгоҳи ҳар як зодаи инсон,
Ду аскарбачаи навхат чу ҳайкал рост истодаст,
Ба поси хотири шаҳмардҳо дар пост истодаст.
Ва байрақҳои хотамкор бар девор,
Сари модар чу ин деворҳо даввор.
Ба байрақҳои сангин номҳои зиндаи инсон,
Ба рӯи нурҳои арғавонӣ сояҳо ларзон,
Ва меҷӯяд
Миёни номҳо як ном.
Ба мисли гардиши айём гирдаш номҳо гардон.
Зи гардиш монд модар – гардиши даврон,
Ду дасташро ба сӯи осмон бардошт,
Кафи дастони гармашрою рӯяшро
Ба девори хамӯши безабон бигзошт,
Ва дардашро бурун овард бо як оҳ,
Ки девори мудаввар сӯхт аз оҳаш…
Бигуфто: «Миша», бо нармӣ, ба нимовоз.
Ва худро канд аз девору
Омад ҷониби сарбоз,
Ба оғӯшаш гирифту бӯсаборон кард,
Тамоми мушкилоти хеш осон кард.
Валекин посбон дар пост меистод,
Нигоҳаш бар замину рост меистод.
Миёни модару аскар
Силоҳи сард ҳамчун садди Искандар.
Аё модар!
Замоне буд сӯи қуллаҳо парвоз мекардӣ,
Зи болои баландӣ субҳидам овоз мекардӣ –
Уқобатро,
Садоят мешудӣ дар кӯҳҳо такрор,
Намеомад садое аз дару девор.
Кунун истодаӣ дар хобгоҳу хоки фарзандат,
Садояш кун…
Намехоҳӣ, ки аз хобаш кунӣ бедор?
Чӣ тамкине, чӣ таскине!
Ки дар аҳди ту садҳо сарфарозон сарнагун гаштанд,
Худоёни заминӣ ҳамчу ҳайкал вожгун гаштанд,
Вале ту пойдорӣ, ҳайкали меҳру вафодорӣ,
Ҷаҳонро мекунӣ бо меҳри инсонӣ ҷаҳондорӣ.
Аё модархудо, дар гардиши ин чархи бесомон
Ту танҳо будию ҳастӣ ба як паймону як имон!
Биё, Модар,
Ба поят мегузорам шеърҳои зинадорамро,
Замини беканорамро, самои беғуборамро,
Ки онҳоро ҷигарбанди ту аз мурдан раҳо кардаст,
Заминро ӯ ато кардаст,
Саморо ӯ само кардаст.
Бихон аз ин баландӣ достони қаҳрамононро,
Ҳидоят кун ба сӯи қуллаи фарзандҳоят
навҷавононро,
Биҷунбон хокро – гаҳвораю тобути инсонро,
Бикун бо умри худ пайванд умри рӯзгоронро!
1971. Кафо
|
|