Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН


НАҚШИ СЕЮМ

Модар-Замин бо либоси хокӣ ва сарандози гулобӣ ба сари замини нокишта меояд. Бо дасти чапаш пошнаи камони фарангиро, ки сарнайзааш ба хок дар мондааст, пахш мекунад. Ба дасти росташ мушти хокро мебардорад ва мегӯяд: «Ман он заминам, ки ташнаи обу донам. Чун ҳусну эҳсони ман дар сазбист, хушам, ки имрӯз ҳама рӯдҳоро сабз мебинам ва ҳама аскаронро сабзпӯш. Шумо маро ба ман боздодед, ки кашоварзон кишт кунанд. То ҳастам, асари шумо дар самари ман боқист…»



Дар ин коргоҳи куҳан роз бин,
Ба анҷоми ҳар қисса оғоз бин.
Ту аз сабри сандон садое шунав,
Ту аз зарби чаккуш салое шунав:
Ки Дарвоз ҳамчун дари танг буд,
Ду дарвозаи ин замин санг буд.

Фузайли фирорӣ аз ин дар гузашт,
Чу лабташна аз оби кавсар гузашт.
Сари аспи Юсуф* ба афзори зар,
Чу фиръавн дар Панҷ шуд ғӯтавар.
Диловар зи дарё тани кушта рафт,
Ба дарёи хун ғарқу оғушта рафт.
Аз ин ҷо гузашта чу боди самум
«Сафедони русу» сиёҳони рум.
Зи паҳнои дунё дар ин тангно
Гаҳе пой рафтанду гаҳ чорпо.
Чу аспони суда дар ин санграҳ
Зи раҳ монда охир, дар ин коргаҳ
Ба сар омада, наъл партофтанд,
Ва наълайн бастанду биштофтанд.
Зада наълу мегуфт усто Ҷалил:
«Бизан сум аз ин хок, эй сумсабил!»


Сари ҳам гузаштанд гарданкашон,
Ҳама бекамону ба қадди камон.
Саворони озодаи инқилоб
Ба тамкини кӯҳу ба рафтори об,
Зи пӯлоди ванҷӣ ҳама наълбанд,
Зи нохуни хунин ҳама лаълбанд,
Раҳи ағбаро карда шамшербур,
Намуданд аз сели душман убур.
Зудуданд бас нақши нопокро,
Намуданд пайванд ин хокро –
Ба марзи калон, арзу тӯли ҷаҳон,
Ба асри ҳамӣ – арсаи ҷовидон.
Дар ин коргаҳ кор оғоз шуд,
Дами нав ба дамхона дамсоз шуд.
Зи наълайни румию теғи фаранг
Зи асбоби қатлу зи афзоли ҷанг
Ҳамесохт устои номӣ каланд,
Шавад то ки дунёи пасту баланд
Баробар ба кирдори дунёи нав;
Ба рафтори дунёи нав тундрав.
Дар ин коргаҳ доси нав сохтанд,
Ки кишти навинро дарав сохтанд.
Ба сандон зада путки озодро,
Дар он тоб доданд пӯлодро.
Аз он оҳани ҷуфт омад ба тоб,
Заминро намуданд бедорхоб.
Ки шаб то саҳар бахтҷунбон шавад,
Аз он ризқи мардум фаровон шавад,
Ки бошад чу сарсабзии рӯзгор
Гаҳе зери кору гаҳе зери бор.
Ва зоянда гардад чу дар меҳргон
Ба лутфу навозиш зани меҳрубон.
Басе коргоҳе, ки дар кор шуд,
Ба ҷумҳури тоҷик мададгор шуд.
Зи релси замину зи сими ҳаво
Биёмад замину замон дар наво.
Трактор омад дар ин корзор
Ба фарёд ҳамчун сароғози кор.


Аз ин наъра бархост Вахшонзамин
Зи қаъри замин то ба чархи барин.
Замин дар кафи дасти деҳқони пок
Зари сурх гардид, агар буд хок.
Чӣ русу чӣ тоҷик нахустин баҳор
Бидоданд дасту дили худ ба кор.
Сари Вахш бурданд сарҷӯи сабз,
Ба қадди замин ҳамчу гесуи сабз,
Хатти ҷӯяҳо ҳамчу абрӯи сабз,
Дами пахта монанди ҷодуи сабз.
Бруною Айнӣ аз ин ҷӯйбор
Сухан сабз карда чу пирони кор,
Ситоишгари Обу Одам шуданд,
Фақирон ба тасвир ҳотам шуданд.

Қалам сурх,
алам сурх,
роҳе сафед
Кашиданд ҳамчун ваноғе сафе䬬-
Ба ҳар дил, ба ҳар манзили меҳрдор,
Ки чун меҳр монад сухан пойдор…
Душанде чу деҳи ба гил пойбанд
Ба по хест чун азми инсон баланд,
Чу инсони озод ин пойтахт
Бишуд соҳиби тахту дорои бахт.
Зи хуни шаҳидону лаъли хушоб
Бишуд парчами давлатӣ интихоб:
Дар он ҳам сафедии роҳи навин,
Дар он сабзаи навбаҳору замин.
Дар он доси деҳқон ба вақти дарав,
Дар он зарби чаккуш ба сандони нав.
Дар он рамзи сарсабзии Инқилоб.
Дар он тобишу гармии офтоб.
Дар он бахти миллат занад болу пар
Ба Боми Ҷаҳон – роҳи ахтаргузар!
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба