Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН


НАҚШИ ЧОРУМ

Дар осмони кабуд абри ситабр аз дами тундбод паҳн мегардад. Порае аз ин абр ба сари Модар-Замин меафтад, ки бо мӯи сафедаш мухолиф аст. Ва садои дили модар шунида мешавад:
«Дар пои ман чандон сипар андохтанд, ки пиндоштам, рӯзгори ҷанг сипарӣ шуд. Ва дар ман чандон тирҳо хок хӯрд, ки ангоштам, ҷаҳон аз ҷанг сер шуд…
Ман дар айни сарсабзӣ будам, ки душман ба сарам шамшер кашид.
Ҳар кӣ шамшер мекашад, ӯро шамшер мекушад…»


Мани модар ба умре кадхудо будам,
Равонбахши ҳазорон наслҳо будам,
Агарчи рӯзгоре бенаво будам,
Замин будам, замини зери по будам.

Балоҳои заминӣ аз сарам бигзашт,
Чӣ дарёҳо аз чашмони тарам бигзашт,
Чӣ лашкарҳо зи рӯи пайкарам бигзашт,
Чӣ ғамҳо аз дили ғампарварам бигзашт!

Сахо кардам ба вақти тангдастиҳо,
Баландӣ хостам аз дасти пастиҳо.
Ато кардам, намудам сарпарастиҳо –
Бузургонро ба роҳи бешикастиҳо.

Зи хашмам ҳамчу Рустам паҳлавон зодам,
Зи раҳмам чун Манижа меҳрубон зодам.
Ба қалбам Рӯдакиро ҳамзабон зодам,
Ба дасташ хома додам, достон додам.

Ки монад ҳар набарду марди майдонам:
Ба домони сухан – покии домонам.

Ба парвози сухан – парвози пайконам,
Ки монад дар паноҳи шеър – шеронам!

Ман имшаб дар сари гаҳвора бедорам,
Ман имшаб ҳамтани Сайёра пуркорам.
Ба зери осмон сокину сайёрам,
Зи равзанҳо пагоҳӣ файз меборам.

Вале асрори шаб ҳамчун сияҳдом аст,
Сиёҳию сафедӣ нақши авҳом аст,
Муроду номуродӣ зери як бом аст;
Шаб ором асту пеш аз обхезӣ рӯд ором аст…

Илоҳо, рӯдҳо ором бархезанд,
Пагоҳӣ булбулонам ғулғул ангезанд,
Занон аз ханда гул чинанд, гул резанд,
Шуои сабзу нури сурх омезанд!

Валекин бар хилофи амри модарҳо,
Саҳар аз лонаҳо ҷои кабӯтарҳо
Бизад дар осмони мо сияҳпарҳо –
Сафи тайёраҳо…
Ларзид кишварҳо…

Ба амри дил ҳама аз хоб аскар хест,
Ҳама – пиру ҷавон чун рӯзи маҳшар хест.
Барои осмонбонӣ санавбар хест.
Қаламкаш бо даравгар хест, минбар хест!

Ба тифлонам дуоро роҳбар кардам,
Ситодам, аз паи онҳо назар кардам,
Раҳи пурхавфашонро бехатар кардам.
Накардам гиря, худ ба худ зафар кардам.

Шафақҳо рӯ ба рӯям лолагун дидам,
Ва барфи сурхро саҳрои хун дидам,-
Ба дуриҳои дурӣ ҷангро бо чашми сар дидам,
Яке захми писарро дар ҷигар дидам…

Чу холӣ дидам аз нав ошёнҳоро,
Арӯсони дуҷони остонҳоро,
Ба сарҳо рангу бори осмонҳоро,
Паи таскин кушодам достонҳоро.

Ман охир тифлбону хокбон будам,
Дарахтон борвар, ман боғбон будам.
Паи рӯзии тифлон – обу дон будам,
Парешон дар замин чун аскарон будам…

Агар як бачаам дар ҷанг меафтод,
Сутун аз посутуни санг меафтод,
Ба рӯи синаам ожанг меафтод –
Нишони гӯри холӣ дар замини танг меафтод.

Сафар дар роҳи саҳро рафту саҳроям.
Азизам роҳи дарё басту дарёям,
Чу Тӯйчӣ тирбанду тирполоям,
Писарҳо баҳри дунё рафту дунёям!

Зи назди ман ҳама сафбаста мерафтанд,
Чу моҳу солҳо пайваста мерафтанд.
Ғурури хасмро бишкаста мерафтанд.
Барои ман зи худ вораста мерафтанд.

Парешон омадед аз раҳ, парешонам.
Ҷавон рафтед чанде пеш, ҳайронам,
Чу мардон омадед, имрӯз, хандонам.
Зиҳӣ, эй баччаҳои марди майдонам!

Ба роҳи Ойгул чашмам ба уммед аст,
Ки ҳамчун вақт дар парвози ҷовид аст.
Нишасташ чун нишастанҳои Хуршед аст:
Ки мешинад… намешинад…

Ҳаметарсад, ки аз он оташи думдор,
Ки гардад аз думи тайёрааш ҳамвор –
Бисӯзад марғзори зиндагӣ якбор;


Биёбад шӯълаи Ҷанги Ҷаҳон такрор!

Дареғо, тифлҳоям дар сафар монданд,
Ба рӯи сангҳои қабр сар монда…
Кунун дар кӯҳсорам баҳри ҳар аскар
Барорам қуллае чун ҳайкали мармар…
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба