Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН


НАҚШИ ПАНҶУМ

Модар-Замин бо либоси ранги хокӣ дар майдоне истодааст, ки асари ҷанг дар он боқист. Ранги майдон дигар мешавад ва ранги зотии худ, ранги сабзро мегирад. Сарандози модар ҳам сабз мешавад. Модар бо мӯи сафед ба ёдбуди тифлони шаҳидаш дар сукут рафтааст. Осмони соф ва замини сабз дар болои сар ва зери пояш густурдаанд.

Дар синаҳо ситора, дар дидаҳо шарора,
Дар пушти сар ниҳода дунёи беканора,
Бар дӯш бори дунё, дар каф қарори дунё,
То хона ғолиб омад аз он канори дунё –
Фарзанди модари мо, ёру бародари мо.
Рафтанд чун қатора, баргашта тора-тора,
Дар осмон ситора, ситора пора-пора.
Сад шукр гуфт модар аз он, ки даста-даста
Гаштанд ғолибонаш –мардони сафшикаста,-
Дар кӯчаҳои Берлин дар ҷангҳои хунин…
Ҳангоми киштан омад, вақти дурудан омад,
Дар тӯйҳо суруди ҷангӣ сурудан омад.
Бо ин суруди ҷангӣ шудгор менамуданд,
Навошиқон муҳаббат изҳор менамуданд;
Дар дашти кас надида бо ёри наврасида.
То ин ки донаи хайр дар хоки тар бигирад,
Деҳқони ҷангдида аз хок зар бигирад.
Ҳам донаи муҳаббат дар сина сабз гардад,
Дар зери боли кафтар набзе ду набз гардад;
То ки Замину Духтар
Модар шавад баробар…
Панҷоҳ сол деҳқон бар хок саҷда овард,
Шакли замин ба шакли рангинкамон даровард.
Хамгашти курраи арз чун арзи эҳтиром аст,
Бар деҳқони тоҷик,
Савганди бекалом аст.
Ҳошо, чунин садоқат, 1203ошо, чунин садорат!
Панҷоҳ соли комил бофандагони тоҷик
Рангинматоъ бароранд, рангинкамони тоҷик.
Аз торҳои пахта, аз торҳои хуршед,
Аз риштаи муҳаббат, аз торҳои ҷовид;
Аз тору пуди тоҷик, ҷону вуҷуди тоҷик.
Як умр дашти Ёвон аз қатраҳои борон
Серӯза сабз мешуд, гулпӯш дар баҳорон.
Аммо зи сели гармо дармегирифт саҳро,
Месӯхт мағзи дилҳо дар шӯълазори гулҳо,
Лутфат барои гулҳо оби равон баровард.
Дарёи оташине аз пеши дар равона,
Дар хонаҳо набудӣ аз оташе нишона.
Мардум ба ларза буданд аз барқи осмонӣ
Дар пош саҷда карда аз дасти нотавонӣ
Акнун ба нури Норак таъзим кунад ҷаҳоне!
Рӯзе, ки барқи Норак дар санг шӯъла корад,
Панҷоҳсола Давлат боле чунон барорад,
Бахти баланди худро то осмон барорад,
Нақши баланди худро дар осмон гузорад, -
Аз болгоҳи тоҷик аз коргоҳи тоҷик!
1974.

Кафо
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба