Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

КИТОБҲОИ ЗАХМИН



IV


Садои занги мактаб ин пагоҳӣ дар ба дар омад,
Ба гӯши баччаҳо бо шеваи бонги хатар омад.
Чу аскарбаччаҳо сӯи садо дартоз мерафтем,
Ба як овозу бо сад роз мерафтем.
Миёни дарсҳо кори ҳама «шамшербозӣ» буд,
Ба пои худ,
Савори чӯби хушке, асптозӣ буд.
Гурӯҳе чун муаллим шаҳри Ленинро ҳимоятгар,
Гурӯҳе бо салиби сохта дар синаи лоғар,
Ба ҳам афтода гирудор мекардем,
Ҳимоят шаҳри Ленинро муаллимвор мекардем.
«Фрице» оқибат мехӯрд муште бар сари урён,
Лабаш дар зери дандон, ашк дар чашмон,
Бурун мерафт аз бозӣ,
Хунук мегашт сарбозӣ.

***


Ҳама меҳри дили худро,
Саводи «комили» худро
Ба қоғаз нақш бинмудем бо хома
Ба ҳам кардему пӯшондем,
Ба мисли ҷомаи садпораи худ бар сухан ҷома:
«Салом, устод!
Сабақҳои шуморо мекунем аз ёд.
Муаллима ба моён дафтари нав дод.
Валекин дарсҳоро аз китоби кӯҳна мехонем.
Тамоми ҳарфҳоро нағз медонем.
Китоби нав фиристонед, медонед,
Ки мактуби шуморо хондаю азёд бинмудем,
Муаллима ба вақти хонданаш бигрист, мо дидем…»
Бар зери нома бо шакли аҷибе сурати кафтар,
Ба сад имзою сад имло…
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба