|
КИТОБҲОИ ЗАХМИН |
|
V
Шафақ аз теғаи Зартеғ ногаҳ нурборӣ кард,
Либоси оҳарии кӯҳҳоро зарнигорӣ кард.
Садои зангу овози хурӯсон ҷӯр мегардид,
Ба гӯши ман садои ғижжаку танбӯр мегардид,
Ба рӯи Панҷи яхбаста кунун яхсел меҷунбид,
Ба дарёбод сели ях намеғунҷиду меғунҷид.
Ба рӯи бомҳо аз пушти рӯзӣ селаи кафтар,
Ба зери бомҳо дар ҷустуҷӯи хомаю дафтар,
Ба ғамҳо хӯ гирифта беғаму бебок мерафтем,
Зи дуди хонаҳо сӯи ҷаҳони пок мерафтем.
Ба мактаб ин пагоҳӣ хушхабар омад, навид омад,
Ба тифлон рӯзи ид омад,
Китоб омад,
Ба ҷӯи хушк об омад.
Ва ҳар кас бо китоби тоза саргардон,
Намуда з-аввалу охир варақгардон:
Дар онҳо бӯи аскар буд,
Захми тиру ханҷар буд,
Дар онҳо розҳои рафтаю монда –
Варақгардон – ҷаҳони гирдгардон буд,
Агарчи ошкоро буд, пинҳон буд
Зи банди розҳо озоду аз ғамҳои дунёӣ,
Ҳама будем аз хурсандӣ савдоӣ,
Ки аз Ленинград охир китоб омад.
Ба он мактуби мо охир ҷавоб омад…
Муаллима даромад,
Ром гардидему осудем,
Ба истиқболи ӯ якбора кафтархез бинмудем.
Ба ҷо биншаста чашму гӯш гардидем,
Ҳама хомӯш гардидем,
Муаллима ба рӯи мо сабақ бикшод,
Ҷаҳон гардид ҳуснобод,
Китоби боз рӯи синаи софаш,
Ба пушташ чун каманде мӯи навбофаш.
Зи зарбу тарҳҳои ӯ маро дар дил
Садои ошное мешудӣ ҳосил,
Ва шабҳои гузашта мешудӣ эҳё,
Ҷаҳони нопадиде мешудӣ пайдо:
Навои Чорзарб аз дур меомад,
Муаллима ба мисли захмаи танбӯр меомад,
Аҷаб мастур меомад.
Пас он аз худ бурун мерафт дар бозӣ,
Намуда ҷилваҳои шӯхи шаҳбозӣ,
Ба рӯи саҳна мегардид парвозӣ,
Ҳама хомӯш, меомад фақат овози дилбозӣ…
Надонам дар куҷои синаи ман дарди ширине
Аёну ноаён месӯхт ҳамчун ёди дерине…
Садои занг чун оҳангро пӯшид,
Ҳама аз нав либоси ҷангро пӯшид.
Муаллима гузашту рафт бо ёди шарарзодам,
Ман ахтарбаставу хомӯш истодам…
***
Ба ин аҳвол мешуд дарсҳою рӯзҳо такрор,
Ва мо аз ёд мекардем – як то чор.
Сабақро чун табақ аз гушнагӣ дидем,
Алифро бо алаф хӯрдему сабзидем.
Ва роҳи дурро як сол паймудем,
Ба мисли Шамси Табрезӣ ту гӯӣ авлиё будем.
Кунун мактуби аскарҳои барноро
Ба гӯши модарони пир мехондем,
Гаҳе оҳиста, гаҳ бо тезии шамшер мехондем.
Ба ҳамдардӣ
Гаҳе аз шавқ болидем,
Гаҳе бо модарони зор нолидем. Кафо||Ба пеш
|
|
|