|
VI
Баҳорон буд,
Ба рӯи лола ашки резаборон буд.
Фақат булбул зи дарди хеш нолон буд,
Варо на миннати яздону не парвои инсон буд.
Ба чашми тифл дида хандаҳою мурдани гулро,
Аз он соат ба ҳасрат бишнавам овози булбулро.
Замин гулхезу гулобод,
Намеомад хабар аз ҷониби устод.
Ба рафтори муаллима гаронӣ буд,
Рухи гулгунаи ӯ заъфаронӣ буд.
Аз он рӯзе китоби захмдори тозаро бикшод,
Ба рӯи синааш бинҳод,
Тамоми захмҳо дар синааш биншаст,
Ва тире аз китобу синааш бигзашт…
Насими субҳгоҳӣ ин саҳар гулбез меомад,
Ба айни гулшукуф ӯро ғами гулрез меомад.
Гули рӯяш, гули боғаш ба чанги боди гулгардон,
Фурӯ мерехт оҳиста ба нахлистону қабристон…
Пагоҳӣ сӯи мактаб хаткашон омад,
Гарон омад,
Хамӯшу безабон омад.
Зи пушти ӯ падид омад
Касе бо сурати аксар,
Либоси аскарӣ дар бар.
Гумон кардем омад лаҳзаи дидор,
Ба чашми чор меҷӯстем як осор:
Қади сарви муаллимрою чашмони сиёҳашро,
Каломашро, саломашро, хиромашро, нигоҳашро.
Ва ҳар чӣ пеш меомад, зи моён дур мегардид,
Дили уммедвор аз ноумедиҳо
Аҷаб ранҷур мегардид,
Саломи ӯ тамоми торҳои ҷӯрро бигсехт,
Ва оби сардро ногоҳ аз фарқи сари ман рехт.
Ягона устодамро ба сӯи хонааш бурданд,
Ба дасташ номаеро бесадо, беҳарф биспурданд.
Муаллима «Карам!» гуфту фиғон бардошт,
Қаборо чок зад, сад парда аз захми ниҳон бардошт.
Сарои ишқи яздонӣ – азохона,
Ба гирди хонааш будем парвона,
Валекин шамъи мо хомӯш мегардид,
Шуои охиринаш суст меларзид,
Ва сӯзе, оташе дар синаҳо мемонд,
Чу занге дар рухи оинаҳо мемонд.
Нахустин бор дида мурдани Лайлию Маҷнунро,
Аҷоиб паст медидам баландиҳои гардунро.
Давидам аз миёни селаи занҳо,
Гузаштам аз миёни оҳу шеванҳо,
Гирифтам аз кафи сарди муаллима сияҳнома,
Само будӣ сияҳкоса, замин будӣ сияҳҷома.
Ба мактаб тохтам, нашнохтам онро
бидидам синфҳои гирдгардонро,
Кушодам номаро, дар он сафедӣ буд,
Зи ранги ӯ маро бӯи умеде буд,
Валекин ҳарфҳою лафзҳои ӯ сияҳ буданд,
Ҳама ғарқи гунаҳ буданд.
Хати манҳусро бо дасту дандон пора бинмудам,
Ва бо ин маргро бечора бинмудам.
Китоби захмдорамро ба рӯи сина бинҳодам,
Бурун рафтам,
ба ёдам ёди устодам,
Ба дил меҳри паризодам,
Ба гӯшам охирин овоз,
Чу занги охирин будӣ танинандоз… Кафо||Ба пеш
|
|