Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

КИТОБҲОИ ЗАХМИН



YII


Ба ёди рӯзҳои рафтаю монда,
Ба ёди номаҳои ишқи нохонда,
Ба ёди захмҳои дар ҷигар монда,
Ба ёди мурдаҳои дар сафар монда,
Ба ёди ҳар ду устодам
Зи дунёи дарунам роз бикшодам.
Ба ёди он китоби захмдори пур зи асрорам
Ҳадиси тоза меорам.
Зи тухми кӯҳна дар саҳрои навкорам
Барои мардуми оянда тухми хайр мекорам.
Ба мисли абри найсон ашк меборам,
Ки аз тухми муродам донаҳои бахт бардорам.
Ба ту, Ленинград, эй шаҳри мардистон,
Ба ту, эй марди ҷангӣ дар сукути сарди қабристон,
Ки дар он рӯзҳои сахт сӯи мо назар кардӣ,
Барои бахти мо аз ҷони ширинат гузар кардӣ…
Миёни ҳалқаи оҳан,
Зи байни оташи душман,
Зи рӯи кӯли яхбаста
Шумо, эй марду занҳои камарбаста,
Ба ҳам пайванд бинмудед «Роҳи зиндагониро»,
Раҳо кардед аз мурдан ҷавониро.
Аз он роҳи ягона ҳамраҳи тифлон
Барои баччагони дури кӯҳистон
Китоби нав фиристодед, бахшидед
Ба онҳо зиндагонию ба мо уммед.
Зи рӯи ҳар варақ рӯи шуморо мекунам аз ёд,
Зи рӯи ҳар сабақ меҳри шуморо мекунам бунёд,
Шуморо ёд бодо, ёд бодо, ёд!

1969.

Кафо
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба