Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Øåúðҳî

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС



Дасте, ки дар он қувваи бозӯи замон аст,
Дорандаи рахшон алами ранҷбарон аст,
Он даст, ки ҳамдаст ба он халқи ҷаҳон аст,
Имрӯз дигар тоқати занҷир надорад!

Қалбе, ки ғазабхонаи Юнон шуда имрӯз,
Аз сӯзи ватан оташи сӯзон шуда имрӯз,
Чун нури раҳи сулҳпарастон шуда имрӯз,
Ҷуз халқу ватан ӯ дигар омир надорад!

Рӯҳе, ки раҳаш ҳеҷ дари баста нагирад,
Аз ҳукм нагардад каму аз қатл намирад,
Дарёи равонест, ки поён напазирад,
Ин рӯҳи қавӣ бим зи тақдир надорад!

Умре, ки ба умри ҳама халқи ватан омехт,
Чун Модари Юнон ба сараш оби бақо рехт,
Гар фитна ба сӯяш ҳама аҳли ситам ангехт,
Ин умри бақо-ёфта охир надорад!

Марде, ки ҳаёташ ба раҳи адл гузорад,
Дар роҳи вафои ватанаш ҷон бисупорад,
Озодӣ ба нақди дилу ҷонаш ба каф орад,
Ин мардии ӯ нуқтаи тасвир надорад!...


1961.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба