|
Як моҳваше дар лаби дарёчаи кӯҳӣ
Аз об баромад.
Гӯё зи паси абри чу симоби сафеде
Маҳтоб баромад.
Рӯ дидаму ин сония дар чашм аён шуд
Ногаҳ табақи гул.
Лаб дидаму ин сония аз чашм ниҳон шуд
Ногаҳ варақи гул.
Аз ҳар сари мӯйи сиёҳаш рехт ба пояш
Ҳамчун дури ғалтон,
Сад қатраи тобандаи дарёчаи кӯҳӣ,
Сад қатраи рахшон.
Бо ин ҳама хубиву бузургӣ шуда тасвир
Дар қатраи обе,
Метофт дури қатра ба рухсораи покаш
Бо ранги гулобӣ.
Эй пайкари покиза чу як қатраи обе,
Эй зебиши олам,
Бо он ки туро зода, парӣ ном надодаст,
Аҳсант ба одам!
1962.
|
|