|
Нолаи мурғи саҳар аз хоб бедорам намуд,
Шаб ба поён мерасид.
Ман ба истиқболи субҳи рӯзи нав биштофтам,
Ваҳ чӣ хандон медамид.
Офтоб аз кӯҳи Хоҷа чилчароғи наҷмро
Омаду хомӯш кард.
Зиндагиро чун падар баъд аз ҷудоӣ ин саҳар
Омаду оғӯш кард
Моҳ абри чун пари қуро саворӣ мекунад,
Сӯи мағриб меравад,
Офтоб аз нав ба олам шӯълакорӣ мекунад,
Рӯз тавлид мешавад.
Боз як рӯзи накӯи кишварам оғоз шуд,
Рӯзи пурфайзи баҳор,
Зиндагонӣ ҳамраҳи хуршед дар парвоз шуд
Сӯи фардои диёр!
1959.
|
|