|
Бароӣ субҳидам аз ҳотаи гул,
Равону соф чун овози булбул.
Аҷаб нармӣ, аҷоиб беғуборӣ,
Чу шарми духтарони кӯҳсорӣ.
Дамиданҳои чун субҳи сафоят
Кунад аз равшанӣ бо ман ҳикоят.
Ту хомӯшию сад оҳанг дорӣ,
Зи гулҳо бӯй дорӣ, ранг дорӣ.
Чу нози духтарони шӯхи Дарвоз
Чӣ ширинӣ, аё сарчашмаи ноз!
Биё, лабро ба лабҳои ту монам,
Ғами деринаро аз дил биронам.
Бинӯшам об аз оби ҳаётат,
Барам то гӯшаи дунё сифотат.
Туро, ёри ҷавонӣ, ёд кардам,
Ба ёдат мазрае обод кардам.
1965
|
|