Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Øåúðҳî

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

Ба Владимир Луговской

Даме ки размгоҳи бешикасти Рустами Дастон
Ба чанги бекҳо афтид аз дасти забардастон,

Даме ки базмгоҳи Ибни Сино, Рӯдакӣ, Хайём
Бишуд ҷавлонгаҳи дуздон,
Бишуд бозичаи айём,

Ба ин ҷо омадӣ пои пиёда мисли як сарбоз,
Ба қалби шоиру бо ҳуҷҷати раҳсоз.

Ту аз кӯҳу камарҳо бо машаққат роҳ мебурдӣ,
Чу шоир, ошиқи шаб хавф аз бегоҳ мебурдӣ.

Зи дарё об мехӯрдиву мехуфтӣ,
Намехуфтӣ,
Ба яздон баҳс мекардӣ,
Ба дарё роз мегуфтӣ.

Чу дарё вирд мекард аз забонат шеъри Пушкинро,
Ту боло мешудӣ
То даст гирӣ моҳу парвинро.

Шунидӣ нағмаи ҷонпарвари хиргоҳӣ аз хиргоҳ,
Ҳам овози азони деҳаро бар даргаҳи аллоҳ.
Шабоҳанги хурӯсон,
Бонги халхоли арӯсонро.
Сукути кӯҳи тафсонро,
Садои ҷони инсонро.

Ту ғарқи созҳо будӣ,
Ту банди розҳо будӣ,
Чу булбул моили парвозҳо,
Овозҳо будӣ.

Ки ногаҳ шарфаи тири камон,
Аспи давон омад.
Кадомин бек сӯи деҳаи бе посбон омад?
Балои осмон омад?

Ту барҷастӣ,
Камар бастӣ,
Ба аҳли деҳа пайвастӣ,
Ғурури бек бишкастӣ.

Ҳамин шаб ёр гаштӣ чун қалам тиру камонатро,
Дигар оҳанг бахшидӣ
Ҳамин шаб достонатро.

Дар ин пасту баландиҳо,
Дар ин сустиву сахтиҳо,
Миёни гиру дори некбахтӣ, шӯрбахтиҳо,

Ту дидӣ Вахшро танҳо,
Миёни кӯҳ дар ғавғо,
Надидӣ дар бисоти ӯ дили дарёи Ҳофизро.

Чу шоир ёд н-овардӣ макони разми Рустамро,
Надидӣ даврагардон ҷоми сесад пораи Ҷамро.
Аҷамро дидаву савти Аҷамро лек нашнидӣ,
Дами пирӣ бузургонро ту хору бенаво дидӣ?

Агар дар хонаи тоҷик бисоти умр ночиз буд
Ба ҳар гаҳвора Ҳофиз буд ё девони Ҳофиз буд.

Ҳамон пире, ки аз пайроҳаҳо то арсаи дунё
Зи манзилҳо ба манзилҳо
Гушода роҳ аз дилҳо.

Агар бо номи Ҳофиз мешудӣ дар хонаи тоҷик
Баногаҳ қаср мешуд аз карам вайронаи тоҷик.

Агар бо шеъри Ҳофиз роз мегуфтӣ ба духтарҳо,
Ба шеърат мефаромад аз самои ҳусн ахтарҳо.

Агар як бор медидӣ ба хубӣ чеҳраи Лайло,
Чу Ҳофиз маст мерафтӣ аз ин дунё ба он дунё.

Вале ошиқ нагаштӣ,
Роҳ бурдӣ, достон гуфтӣ,
Ба ҳар сурат сухан аз дарду дармони замон гуфтӣ.

Ту хидматро адо кардӣ чу як раҳсоз, чун сарбоз,
Туро охир ато кардӣ табиат шоири мумтоз.

…Аз он шабҳо
Зи «Кӯҳи нор» доим мерасад овоз,
Садои мардуми раҳсоз,
Садои шоири сарбоз.

Зимистон асту
Механдад ба ёди ту гули бодом,
Бубин Мирзои кӯлобӣ диҳад роҳи туро анҷом.

Дуои нек руҳатро,
Давоми нек роҳатро!

1966
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба