|
Туро, ки зинда медорӣ каломамрою номамро,
Салом аз дӯстон овардаам, бишнав саломамро.
Мурувват кун, тамомӣ бахш ишқи нотамомамро,
Бигӯ боре ҷавобамро,
Бигир бори савобамро.
Туро нодида дидам гарчи ман бисёр хубонро,
Ҳазорон пайкарони рашки ҳайкалҳои Юнонро,
Бутони кӯҳсору бутпарастони биёбонро,
Сияҳкории зулфонро,
Назарбозии чашмонро.
Валекин чун ту будӣ дар нигоҳи ман, вуҷуди ман,
Туро мемонд шеъри ман, туро мехонд руди ман.
Биё наздам, биё, зулфи сияҳ, чашми кабуди ман,
Бути ноозмуди ман,
Туӣ буду набуди ман.
Ба чашмат шӯхиҳои чашмаи Варзоб метобад,
Ба вақти об хӯрдан дар гулӯят об метобад,
Туро ҳар кас, ки меҷӯяд, азизам, бахт меёбад,
Гули шодоб меёбад,
Дури ноёб меёбад.
1964.
|
|