|
ҲУСН |
|
Мӯй дар пешонаи чун коғазаш
Бо назокатҳо хати зар мекашад.
Рӯй аз болои нахли қоматаш
Ҳар пагоҳӣ меҳри ховар мекашад.
Шарм дар рухсораҳои нарми ӯ
Ҳар замон ранги гули тар мекашад.
Шавқ дар наззораҳои гарми ӯ
Дар миёни шӯъла ахтар мекашад.
Ханда дар лабҳои чун оби ҳаёт
Гоҳ марҷон, гоҳ гавҳар мекашад.
Аз даруни синаи ман қалбро
Ҳар замон бо роҳи дигар мекашад.
Бин кадом устод чун момои ӯ
Ҳуснро ин қадр дилбар мекашад!
1962.
|
|
|