Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Øåúðҳî

МЕҲРИ МОДАР

ОБ МЕХӮРАД…

ДӮСТАМ!

НА ҲУКМ, НА ҲИКМАТ…

СИТОРАҲОИ БУРҶИ КРЕМЛ

СИТОРАИ ЗАМИНИ МАН

БУЗУРГӢ ВА ХОКСОРӢ

ХОҲАРИ КУБА

ДУ ГУЛ

КАФШЕРИ МУҲАББАТ

ҶИЛВАГОҲИ ҲАҚИҚАТ

ҲУКМ БАР СИТОРА КУНЕМ

ҚИССАИ ЧАРХИ ФАЛАК

СОЛИ НАВ, МЕҲМОНИ НАВ

ДАР САФҲАИ ОФОҚ

САДДИ НАЗАР

ПИРИ ГУЛФУРӮШОН

КӮҲИ МАЪШУҚ

ИДИ БАХТ

БАШОРАТИ СУБҲ

ДИЛ МЕШАВАД

ОБАКИ ШӮХ

ОБИ ОТАШИН

БА МАНОЛЕС ГЛЕЗОС

ҲУСН

АҲСАНТ БА ОДАМ!

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

ШЕЪРИ ҚАЗОҚ

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЛАФЗИ МОДАР

БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ДУРРИ НОЁБ МЕЁБАД

ХОБИ ҚАҲРАМОН

ХАНДА КУН, ЭЙ ОСМОН!

ОБШОР

НАРАВ, ҚУИ САФЕДИ МАН!

ДАР ПАНОҲИ ШОХСОРОН

ЧАШМАИ САБОҲӢ

РАСМИ НОТАМОМ

ИСФАРА

ГУЛИ БОДОМ

ҚАТЛИ ВОСЕЪ

ДАВОМИ НЕК РОҲАТРО

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ

ИДИ БАХТ


Асрҳо аҷдодҳои мо зимистони дароз
Қиссаи сарбаста аз иқбол мепардохтанд.
Бахти одамношинос
Баски бо бечорагон асло сару коре надошт,
Гӯӣ дар рӯи замин ҷуз ном осоре надошт.
Мардуми бахтозмо
Ибтидои бахт аз наврӯз мепиндоштанд,
Бар ҳамин рӯзи муқаддас эътиқоде доштанд.
Лек то ин рӯзи нек
Сад варақ аз сафҳаи сарди зимистон мезаданд,
Дод аз дасти замону сахтии ҷон мезаданд.
Бо азоби гушнагӣ,
Ҳиссаи наврӯзро то ид пинҳон доштанд,
Ҳурмати иди бузургон бо дилу ҷон доштанд,
Буд ин расми падар.
Чунки он шаб гӯиё аз хонаи бе обу нон
Бахт мерафтаст, як соли дароз он хонадон
Бахтро мебохтаст.
Духтари тоҷик он шаб сурмаи тар мекашид,
Бофта мӯи қаторӣ, шона бар сар мекашид,
То ки ёбад бахтро,
Ҳеҷ чизе ҳам набошад аз либосу молу ҳол,
Ё ба рӯи ҷабҳаи пурнур меангошт хол,
Ё ки марҷон мекашид.
Ё ки якто тукмае дар пеши бар медӯхт ӯ,
Оташи наврӯзро то субҳдам месӯхт ӯ,
Буд ин кори савоб.
Поси ин иди баҳорӣ аз барои бахт буд,
Бахти камдидори бепарво аҷаб дилсахт буд,
Ҳеч кас ӯро наёфт!

1959.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба