|
Исфара,
Шӯхии дарёи ту,
Софии дилҳои ту
Ҷон медиҳад, дил мебарад,
Шом зери пардаи гул хуфтаӣ,
Ҳамчу рози духтарон дар пардаӣ,
Ҳамчу шеъри бебаҳо ногуфтаӣ.
То саҳар масти туам,
Масти гулбонге, ки меояд зи боли булбулон,
Масти субҳе, ки дамад аз пардаи чилкокулон,
Ошиқи кӯҳе, ки дорад дар камар тиру камон.
Аввалин шом аст мебинам туро,
Лек рӯи ошно,
Рангу бӯи ошно
Гӯӣ мегӯянд ин ҷо зодаам,
Аз канори Панҷ байни Чоркӯҳ афтодаам.
Исфара, Исфара!
Ё маро дар дидаи худ ҷой кун,
Ё туро дар синаи худ мебарам.
1966
|
|