|
Барои Олжас Сулаймонов
Аспу дашту савори човандоз,
Сабзии навбаҳор - пойандоз,
Аз карон то карона зери назар,
Медавад асп -Мевазад сар-сар.
Рӯз дар ханда, бод менолад,
Дил бароварда бол,меболад,
Қафаси сина гар бигардад боз,
Мепарад дил ба суннати шаҳбоз.
Шарфаи пои асп дар саҳро
Менавозад нағораи раҳпо.
Ин магар набз дар биёбон аст,
Ё ки оҳанги шеъри ҳассон аст?
Балки аз шеър ҳам зиёд аст ин;
Шеър не, дӯстон,ҳаёт аст ин!
1963.
|
|