|
Ҳар он чӣ ҳаст дар олам, қиёсу интиҳо дорад,
Ба ғайр аз ҳисси некӯе, ки умри бобақо дорад.
Чи молу мансабу сарват, чи ҳусну шӯҳрату ҳашмат,
Чи айёми ҷавонӣ, ки хушо нашъу намо дорад.
Баҳорон дар чаман гул дар миёни сабза мерӯяд,
Ба оби дидаи бечора булбул чеҳра мешӯяд,
Бихандад, рух намояд, з-он чаманро ҳусн орояд,
Вале дилдодае ӯро фақат як бор мебӯяд.
Зи хуршеди дурахшон ҳар замон як зарра кам гардад,
Вале бар ишқ ҳар соат ҳарорат боз зам гардад.
Чӣ кафшерест пайвандад ба як ҷо банди дилҳоро?
Чӣ сеҳр аст он ки чун бандад, намесозад ҷудо асло?
Азизам, дон ки кафшери муҳаббат меҳри фарзанд аст,
Ки бо он риштаи умри ду одам сахт пайванд аст.
Ба пирӣ ӯ мадори модару пушти падар бошад,
Азизу меҳрубону ёдгору ҷону дилбанд аст.
1956.
|
|