|
Ба хотираи Лермонтов
Чун шишаи қалби поки шоир
Бар санги ҷаҳолати замон зад,
Як олами ишқ аз дили ӯ
Афтиду ба хок бо фиғон зад.
Ишқи кули он замони нопок
Дар ин дили шоири ҷавон буд, -
Сад ҳайф, ки ин дақиқа дар хок
Афканда муҳаббати замон буд.
Чун аз дили гарму софи шоир
Сарчашмаи ишқро равон дид,
Он гунбази хоки ташнаи ишқ
З-он чашмаи меҳри пок нӯшид.
Аз меҳри чу оби зиндагонӣ
Он шӯразамин баҳор дарёфт.
Сарсабзу ҷавону ғарқаи гул,
Себаргаву лолазор дарёфт.
Он ҷо, ки тани шаҳиди шоир
Хуншор ба рӯи хок афтид,
Оғуштаи хуну ранги дар ранг
Як хирмани гул зи хок сабзид;
Оташгули он, ки пургудоз аст,
Месӯзаду сад забона дорад,
Пироҳани чоку қалби сӯзон
Аз мотами ӯ нишона дорад;
Ҳар лолаи доғдори пурхун
Аз дасти яле фитода ҷомест,
Ҳар ғунчаи дарфиғони хомӯш
Як шеъри ба дарди нотамомест;
Садбарг ба рӯи пора-пора
Моил ба хиром сарви ором,
Гӯё ки зи рангу бӯи шеъраш
Ногаҳ шудаанд зи ҳам парешон.
З-он манзараи аҷиби пурсӯз
Бе навҳа ҳамеша нола хезад;
Бар рӯи гулаш сабоҳи мардон
Момои замин ашк резад.
1958.
|
|