|
Барои Мирзо Турсунзода
Барои ҳурмати мӯи сафедаш,
Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст,
Барои дил, дили оинавораш,
Ки аз чашму нигоҳи ӯ падид аст,
Барои хотири шеъраш, ки онро
Ба роҳи хеш болу пар намудам,
Барои шеъри мардумошнояш,
Ки аз он шеъри худро сар намудам,
Барои ҳиммату номи баландаш,
Баландиҳои чун чархи баринаш,
Барои хоксориҳои покаш,
Таҳаммулнокии ҳамчун заминаш,
Қасам бо ҷону виҷдони ҷавонам:
Агар дар шеър қутби нав кушоям,
Аз он ҳар субҳ чун ахтар бароям,
Ба пеши пои ӯ таъзим намоям!
1963.
|
|