|
Барои М.С.
Навоҳо об мегардад,
Ҳаме бар саҳна мерезад,
Садо аз мавҷҳои реза мехезад.
Ба нармӣ қуи зебое
Ба рӯи мавҷ обӣ шуд,
Ба пояш зарраҳо ҳавзи гулобӣ шуд.
Гаҳе аз нармрафторӣ
Гули дар об мегардад,
Гаҳе дар гирди худ гирдоб мегардад.
Гаҳе аз ишқ меболад,
Гаҳе хомӯш менолад.
Чӣ хомӯшӣ, ки ҳар мӯяш забон дорад!
Ман аз ин печу тоби ӯ,
Азобу изтироби ӯ,
Шудам дар ин шаби сармо кабоби ӯ.
Зи дилбозии он дилбар,
Зи рақси қуи афсунгар
Ҳазорон чашмҳо чун ҳавзи пуроб аст, -
Дар он ҷо ҳур мерақсад,
Ба дилҳо ҷӯр мерақсад.
Даруни дидаҳо чун нур мерақсад.
Ба афсуне ҳақиқатро
Ба ман афсона месозад,
Маро аз хештан бегона месозад.
Худам ин ҷо, вале ҷонам
Паи ҷонона мегардад.
Дилам дар олами афсона мегардад.
Нарав, эй лаҳзаи ширин,
Машав хомӯш, эй оҳанг.
Ки умри бебаҳоям меравад аз чанг!
Нарав, қуи сафеди ман,
Макун афсонаам вайрон,
Ки ширин аст ин афсонаат, ҷонон!
Нарав, ҷонам, ки васли мо
Дар ин афсона мемонад,
Ҷаҳони сарду оташхона мемонад!
1965.
|
|