|
Нисбати дарё набошад сӯхтан,
Лек ин дарё ба даврони куҳан
Борҳо Вахши қадимро сӯхтаст,
Хонаи садҳо ятимро сӯхтаст.
Об гӯӣ барқи сӯзон будааст,
Оташи аз дида пинҳон будааст.
Сирри ин дарё чу рози осмон
Буд аз чашми сари одам ниҳон.
То ҳамон рӯзе ки аз насли башар
Гашт марде роздони баҳру бар,
Пас ҳамон одам ба тоҷик даст дод,
Сирри ин дарёи сӯзонро кушод.
Гуфт: «ин дарёи пуршӯри шумо
Мешавад дар зиндагӣ нури шумо…»
Мо ба роҳаш нурполо сохтем,
Аз дилаш оташ бурун андохтем,
Водӣ аз он шӯъла пуранвор шуд,
Вахш бо халқи диловар ёр шуд.
Бин, ҳамон дарёи Вахши беамон
Нур меборад ба ҳар як хонадон!
1959.
|
|