|
Обаки шӯхе чу тифли беқарор
Мешитобад аз миёни кӯҳсор.
Аз баландӣ меравад ғулғулкунон
Ӯ ба мисли кӯдаки ширинзабон.
Бо раҳи пурсанг поён меравад,
Беибо, ғалтону хезон меравад;
Гӯӣ аз чизе гурезон мешавад,
Дар канори Панҷ пинҳон мешавад.
Ҳамчу тифле, меҳр тобад бар сараш,
Медарояд дар канори модараш.
1959.
|
|