|
Пои булӯру ҷилваи нилоби доманаш -
Гулмоҳиест, ғӯта ба гирдоб мехӯрад.
Мӯи сиёҳи пеши бараш расми дилбарист,
Ҳар тори он ба тори дилам тоб мехӯрад.
Аз ҳар нигоҳи софи ӯ чашмони ташнаам
Гӯё зи оби чашмаи Варзоб мехӯрад.
Ӯ чашмаи равону манам ташнаи висол,
Чун ташнае, ки об шаби хоб мехӯрад.
|
|