|
Дар пушти тиреза менишастам рӯзе
Бо дидаи чор.
Дидам: ба хирому нози оламсӯзе
Меояд ёр.
Наззораи ман бол ба сӯяш бикшод,
Афтод ба дом.
Ҳушам зи сарам парида омад бари ӯ
Аз баҳри салом.
Дил зарба ба девори вуҷудам мезад
< Бо гурзи гарон,
То рози варо зи сина берун созам
Дар назди нигор.
Алқисса, дилу дидаву ҳушам буданд
Бесабру қарор.
Аммо нафасам душмани ҷонам мешуд,
З-он буд хатар,
Дар рӯи тиреза нақш мешуд оҳам,
Мебаст назар.
1958.
|
|