|
Ҳар оҳ, ки сар кашид аз синаи ту,
Аз он дили чок-чоки бекинаи ту,
Шуд шеъру ҷаҳони назмро гарм бисохт,
Бо нолаи руд дар ҷаҳон шӯр андохт.
Он дар дили ҷону дидаю гӯш нишаст,
Дар сафҳаи офоқ пас он нақш бубаст.
Ин кӯҳна китоби даҳрро то имрӯз
Гар боз кунӣ, туӣ дар он пандомӯз.
Ҳар сафҳаи ӯ гарм кунад оҳи туро,
Тасвир кунад чу зинда арвоҳи туро,
Аз он ҳама сӯзу созу овоз ояд,
Ашъори фусунгарат ба парвоз ояд!
1958.
|
|