|
Гар ба шодиҳо шарики одамӣ,
Ханда кун, эй осмон!
Дову дасти тӯй дорад кишварам,
Рӯ кушо, нуре фишон!
Сабр кун, борон, ки ҳар як қатраат,
Ҳамчу ашки модар аст,
Ашки модар талх бошад рӯзи тӯй,
Гарчи ранги гавҳар аст…
Бин, ба саҳро духтари тоҷикро,
Мебарояд субҳидам.
Ҳусни саҳро, шӯҳрати тоҷикро
Мефизояд субҳидам.Б,
Шастро бину шитоби дастро,
Он ду чашми мастро,
Духтари болобаланд, сарпастро,
Хоҳари гулдастро,
Ошиқи саҳрои сабзи пахтаро,
Ки ба оғӯши кушод
Рӯй меорад ба саҳро, бар замин,
То бигирад дар канор
Беканориҳои саҳрои кабуд,
Ҳам бузургии замини покро.
Сабр кун, борон,
Гузар, абри гузар,
Ханда кун, эй осмон!
1964.
|
|