Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

Ман пуштибону фотеҳи ин шаҳр нестам,
Ман нохудои киштии ин баҳр нестам.
Аз чӣ калид медиҳӣ ҳоло ба дасти ман?
Эй модари бузург, аё соҳиби ватан!

Дидам калиду хонаи вайронаи туро,
Дидам ба чашми сар шаби афсонаи туро,
Дар бозу равза боз, аз он чашми шом боз,
Аз остон ба осмони Худо пардабом боз.

Тайёра чун ситораи думдор мепарад,
Қасри Сафед пардаи нилоб медарад:
Шаб мешавад бараҳна - силоҳи бараҳнае,
Мушак зи чоҳ хест - сипоҳи бараҳнае…

Кори сиёҳ аз ҳади аъло гузашта буд,
Аз хатти сабзу пардаи дилҳо гузашта буд,
Ин корвон зи нимаи дунё гузашта буд,
Шуд паст он қадар, ки зи боло гузашта буд.

Аз хонаҳо ба гӯш садое намерасад,
На нолаву на ханда – навое намерасад:
Онҳо, ки шавқу шӯхии ин хонаҳо буданд,
Дар зери хокдони худо бесадо шуданд.

Чун рамзи эҳтиром ва ё рамзи эҳтиёт
Ман мебарам калиди туро - номаи барот.
Эй модари ситамзада, розу ниёз чист,
Рамзи калид кӯтаҳу шарҳи дароз чист?

Бояд бубаст шаш дари кишвар ба рӯи ғайр,
Бояд кушод равзаи дилҳо ба рӯи хайр.
Бо ин калид ман дили худро кушодаам,
Дар ин диёр манзили худро кушодаам.

1986.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба