Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Ҷон будиву рафтӣ, зиндаям, ҳайронам,
Дар васлу видои ҷону тан сарсонам.
Бо ашк марез пок дар домани хок,
Бо ханда марав ту аз лаби хандонам.

Ку зиндадиле, ки зиндадаргӯр нашуд,
Ку сӯзи ҷигар, ки захми носур нашуд.
Ҳамхони замон будиву ҳамрони ялон,
Пайванди замона бо замон ҷӯр нашуд.

Як даст қалам кашид аз боли замон,
Як панҷа ба ёли аспи иқболи замон,
Бо ин ҳама панҷабозиҳо охири кор
Биншастиву гиря кардӣ бар ҳоли замон.

Гирди сари ёри зор гаштӣ сад бор,
Бо шамсу қамар, ба гардиши лайлу наҳор.
Гар ёр вафо накард, ағёр чӣ кард,
Рангат ба хазон расиду бӯят ба баҳор.

Азбаски тарабхез туро пиндор аст,
Асбоби тараб туро ғами бисёр аст.
Аз гиряи дил ашк ба рӯе надамид,
З-он синаи ошиқон гулу гулзор аст.

Дар шеъри дарӣ дар ба дарӣ бисёр аст,
Танҳо дари ишқи пок безинҳор аст.
Аз Арш ба фарш ҷумла ҷӯёи раҳанд,
Роҳе, ки ба ҳақ барад, паси симхор аст.

Хуршед кашида теғ бар куштани шаб,
Ранг аз рухи шаб парида чун ранги тараб,
Хуршедвашо, чӣ мекашӣ теғи нигоҳ,
Ҳуш дор, сафед мешавад мӯи сиёҳ.

2001
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба