|
Дар пои ту бо чашми гули хор бигирям,
Дур металабӣ, дар сари бозор бигирям.
Сад дор дарахт аст, агар нест аналҳақ,
Мансур, сало зан, ки ба ҳар дор бигирям.
Мо сӯхтарӯему замин сӯхтаҷӯе,
Аз мижжаи ахтар ба шаби тор бигирям.
Хунинкафанӣ рафтаю хуниналамон ҳам,
Гулгункафанӣ хоҳӣ, ба дастор бигирям.
Дарёи алам мегузарад аз дили тангам,
Бо рӯди равон ҳамдаму ҳамвор бигирям.
1993.
|
|