|
Эҳдо ба Бурҳониддини Раббонӣ
Ба сӯи колбади хонаҳо салом биё,
Ба остони садомурда чун калом биё.
Деворҳо, ба сӯи само лоба мекунанд,
Ки эй фариштаи раҳмат, ба пардабом биё.
Ту бози давлати мо боиси шикор машав,
Зи баҳри дон бигузар, аз фарози дом биё.
Гар аз шаҳодати қавме нишон ҳамепурсӣ,
Ба пеши шоҳиди шабҳо - маҳи тамом биё.
Аз он чи нону намак буду ишқу имон буд,
Нишон чӣ металабӣ, дар суроғи ном биё.
Чу ҷони зиндаю арвоҳи мо парешонанд,
Ба поси рӯҳ биё, ишқро давом биё.
1992.
|
|