Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

ИДГОҲ

ИДГОҲ

Идгоҳ аз дидгоҳи халқи мо гул кардааст,
Ҳамчу саҳро баъди ҳосилҳо таҳаммул кардааст,
Бар қадаш аз барқи симӣ симкокул кардааст.

То бирӯяд кӯҳи пахта, шуд сари кӯҳат сафед,
Гашт ҳар марди бариши ҳамсари кӯҳат сафед,
Пилтаҳои майдабофи мӯи анбӯҳат сафед.

Даштҳои роздори нозу неъматофарин,
Яштҳои аввалин деҳқони поки ин замин,
Аз дуои аввали Зардушт то шеъри навин.

Ҷумла дар зикри барори кори ту кор омаданд,
Пахтазоронат зи пуркорӣ чӣ пурбор омаданд,
Пайкари аҷдодҳо аз гил ба гуфтор омаданд.

Мерасад аз батни модар боз панди Золи зар,
Вахш користони фарзанди ману навъи башар,
Разми Рустам сар шуда ин ҷо намеояд ба сар.

Вахшро бинӣ, ба ёд овар қирони Рахшро,
Зери хокему ба рӯи хок бингар нақшро.
Бар шумо додем худро, кишвари зарбахшро.

Мо ба Шоҳнома накардем аз паи шӯхрат камин,
Балки аз баҳри дифои ин замону ин замин,
Бо сари боло ниҳода дар раҳи фардо ҷабин.

1974.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба