|
Чӣ шак дар набарди замону заминаш,
Ки Масъуд зодаст чархи баринаш.
Ҷиҳоди варо ҳар касе кам бубинад,
Ки дар бурҷи симурғ бошад каминаш.
Аҷаб хирасарҳо, аҷаб бебасарҳо,
Надиданд нури набӣ дар ҷабинаш.
Ба нек офаридӣ варо, эй Худованд,
Чаро кина корӣ ясору яминаш?
Агар Рустами дигаре офаридӣ,
Накардӣ савора ба Рахшу ба зинаш.
Магар Рахши ӯ меравад з-осмонҳо,
Ки ояд гаҳе шиҳаҳои маҳинаш.
Ба раҳм офаридӣ варо ҳамчу Сӯҳроб,
Чаро офаридӣ падарро ба кинаш?
Чӣ рӯҳест дар пайкари худ нағунҷад,
На обе, ки оранд дар обгинаш.
Ватан буд умре шиори ҷиҳодаш
Ки бодо бақодор дунёву динаш.
1995.
|
|