|
Ту лофи Ватан мезанӣ, тани ҷудои ман аст,
Ба он худо, ки қасам мехӯрӣ, худои ман аст.
Куҷост раҳрави вораста аз вуҷуди худӣ,
Ки дар висоли ҷамоли худо гадои ман аст.
Ҷаҳони пур аз фитнаю шаре, ки мебинӣ,
Сагест, ки баргашта аз вафои ман аст.
Ҳамин, ки медамад аз шарқ ояти хуршед,
Ба чашми пӯшида хон, муждаи дуои ман аст.
1993.
|
|