|
Фаромад яке даста бо найзаи офтобӣ,
Ба тан ҷомаҳои булурии ранги шаҳобӣ,
Ду эзид - яке рағзапӯшу яке равзадӯш,
Ва дар равзааш шаҳпари осмонӣ,
Расиданд дар пои тахти каёнӣ,
Ки Ҷамшед биншаста бе амру фармон;
Ҳамон шоҳи баргашта аз амри Яздон.
Сари найзаҳо сарфурӯ зери пояш,
Зи сар баргирифтанд тоҷу кулояш.
Бигуфто ба ӯ эзиди болдоре;
Чунин аст фармони парвардигорӣ:
«Чу гаштӣ зи шаҳри худӣ рӯйгардон,
Ҳама қавми худро намудӣ парешон,
Ба ҳар кишвари дури ноозмуда,
Дар он марзҳо файзи Эрон набуда,
Дарахти ҳумӣ пиру бедона гашта,
Басо насл аз асл бегона гашта.
Бизад даст бо душманӣ ҳам,
Таборат ба ҳам кӯҳиву барзанӣ ҳам.
Ба ҳам ор ин қавмро, шаҳриёро,
Ки монад дар ин даҳр зору назоро!»
Бигуфто: Ба номи худои замона,
Ки Яздон ҳақ асту як асту ягона!
Набахшам ба қавми худӣ ман маниро,
Набахшам ман ойини аҳриманиро,
Ки аз фарри Яздон нагардам дубора,
Ки ҳар дун набинад маро пора-пора…
1995.
|
|