|
Даст намедиҳӣ ба мо, даст ба мо намерасад,
Садди миёни одамон то ба само намерасад.
Водии маърифат куҷо, воҳаи хунфишон куҷо?
Раҳраву раҳзанон ба ҳам сӯи худо намерасад.
Дар сари водии фано рӯҳ зи бори тан ҷудо,
Реҳлати ҷони мастро даст ба по намерасад.
Дар талаби ҷаҳон машав, баски ҷаҳони сурат аст,
То ба ҷаҳони ҷони ман дасти гадо намерасад.
Тири Накону* ҷони Бурх мепараду намепарад
Пири тариқати маро тири хато намерасад.
Пеш бирав ба сӯи ҳақ, то ки биёӣ пешво,
Акс марав, ки сӯи ӯ кас ба қафо намерасад.
1993.
*Након - қотили Бурхи Валӣ
|
|