|
Кардам сафари ҳазорсола
То дайри муғону сайри лола.
Аз нағмаи хусравона дидам
Гаҳ шодиву гаҳ навои нола.
Дунё тарабу нишот дорад,
Дарё зи ҳазор нола - мола.
Ҳар кас, ки шикаст ҷоми моро,
Кардам ба худои худ ҳавола.
Гар ғарқ шавӣ ба мавҷи бода,
Хуни ту ба гардани пиёла.
Аз роҳи ҳазорҳо раҳ овард
Он тифли хуҷастаи дусола.
Хоҳам ба ту, эй рамузи фардо,
Умри ғазалу дави ғизола.
***
Ҷамъи мо даста,
Шаш ҷиҳат баста,
Дастҳо бо силоҳ пайваста.
Он чӣ боз аст,
Номи Дарвоз аст,
Бераҳӣ кӯри тирандоз аст…
2004
|
|