|
Парвардигор…
Чаро Балх талх мегиряд?
Ба ҷои Ноҳиди гумгашта нахл мегиряд?
Ту, эй саманди сафеда, зи ховарон бархез,
Зи Каҳкашон бихирому зи наъл гавҳар рез.
Зи Каҳкашони хаёлам гузар ба аспи сафед,
Чаҳор аспи сафеду чаҳор бонги умед.
Биё ба марзи парастандаву парасторат,
Суруди меҳр суруда зи меҳрпайкорат.
Ба он диёри куҳан, ки ба мисли пораи туст,
Биёр ҷунбиши нав, з-он ки гоҳвораи туст…
1996
|
|