|
Шайхи мо, Табризро чун ҷои ҷонат хондаӣ,
Рафтаиву баҳри мо нақши ғарибӣ мондаӣ.
Аз камоли ишқ мехезад зулоли шеъри ту,
Метаровад з-он тараб ҳам гиряи шабгири ту.
Роҳи Табризу Хуҷанд аз лутфи ту гулрез шуд,
То ғизоли мо рамид, олам ғазаломез шуд.
Аз Хуҷанду аз Самарқанду зи Хоразму Сарой
Дарди ҳиҷрон мебарояд аз найистону зи ной.
Восили ҳақ гаштаву дар роҳи ҳақ саргаштаӣ,
Қутби орифон яке бошад, аз он бигзаштаӣ.
То ба кай дар гӯшаи узлат нишинӣ, эй Камол,
Пир шуд шаҳри арӯсат аз таманнои висол.
1995.
|
|