|
Файзе, ки зи сарпанҷаи Хуршед бирезад,
Бар Тури сарӣ хандаи тавҳид бирезад,
Резад ба сари нахлу сари бед бирезад.
Бар олами торик чу нури саҳар ояд,
Аз абр фурӯ рафта зи зиндон бадар ояд.
Ояд зи қадар дар дили мо дар самар ояд.
Ин файз ба ҳар хонаю ҳар лона дарояд,
Бо боли Ҳумою пари парвона дарояд,
Ояд зи паи сӯхтану сохтан ояд.
1991.
|
|